Тавлидоти маҳсулоти чорво дар ИИАО афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкЕвразийский экономический форум в Москве
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2024
Обуна шудан
Як қатор давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё суръати истеҳсоли навъҳои асосии маҳсулоти бахши чорворо зиёд карда, таъминоти фаровонро зиёд кардаанд
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё натиҷахои тавлидоти маҳсулоти хоҷагии қишлоқро чамъбаст кард.
Ҳамин тавр, дар давраи аз январ то ноябри соли 2023 суръати истеҳсоли навъҳои асосии маҳсулоти чорво афзуд.
Чорво ва парранда барои забҳ бо вазни зинда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ҳудуди 2,2% афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин давра тавлидоти шир - 3% ва афзоиши тухм - 0,9% афзоиш ёфтаст.
Афзоиши истеҳсоли чорво ва парранда барои забҳ ва шир дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё сабт шудааст.
Форум ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2024
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои ИИАО ба Эрон дар панҷ сол панҷ баробар афзудааст
Афзоиши истеҳсоли тухм дар Қирғизистону Русия, коҳиши истеҳсоли тухм дар Белорус ва Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст.
Зимнан, умуман дар хоҷагиҳои ҳамаи категорияҳо истеҳсоли маҳсулот назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% кам шуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Беларус дар байни ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё фаъолтарин бо Русия ҳамкорӣ мекунад.
Дар охири соли 2023 тавозуни мусбат дар савдо миёни ду кишвар ба қайд гирифта шуд. Ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар то охири соли 2023 беш аз 2 млрд долларро ташкил хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0