https://sputnik.tj/20240101/sodiroti-mahsuloti-kishovarzi-az-kishvarhoi-iiao-ba-eron-dar-panj-sol-panj-barobar-afzudaast-1061146391.html
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои ИИАО ба Эрон дар панҷ сол панҷ баробар афзудааст
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои ИИАО ба Эрон дар панҷ сол панҷ баробар афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамкориҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо кишвари Эрон дар ҳоли рушд қарор доранд. Ба иттлои омори расмӣ содирот аз ИИАО ба Эрон афзоиш ёфтааст
2024-01-01T17:33+0500
2024-01-01T17:33+0500
2024-01-04T15:23+0500
ииао
содирот
эрон
ҳамкорӣ
равобит
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058819372_0:0:3261:1834_1920x0_80_0_0_0984205f4e7a2e31f77e684e918297a2.jpg
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Эрон яке аз муҳимтарин шарикони тиҷоратии ИИАО ба шумор рафта, дар байни кишварҳои воридкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷои сеюм қарор дорад.Дар оянда содирот ба ин кишвар, аз ҷумла аз ҳисоби маҳсулоти гӯштӣ афзоиш хоҳад ёфт.Маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ муҳимтарин маҳсулоти тиҷории кишварҳои ИИАО ва Эрон аст, муовини мудири ширкати "Агроэкспорт" Айна Кусайнова.Дар соли 2022 ин маҳсулот тақрибан 90% содирот ва нисфи воридотро ташкил медиҳанд.Тибқи гузорише, ки омори расмӣ дар 5 соли ахир интиқоли ин намуди колоҳо ба Эрон 5 баробар афзоиш ёфта, ба 3 млрду 750 млн доллар расидааст.Ба гуфтаи Андрей Слепнев, вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ки масъули соҳа аст, дар чаҳорчӯби Созишномаи тиҷорати озод байни кишварҳои ИИАО ва Эрон, коҳиши 90% боҷ барои тамоми маҳсулот ва беш аз 99% содирот дар назар аст.Ин иқдом имкон медиҳад, ки содирот, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизо афзоиш ёбад. Асоси содироти АвруОсиё ба Эрон айни замон ғалладона (73%), инчунин равған ва равғани растанӣ (25%) мебошад.Дар оянда, тибки иттилоъ, содироти на танҳо маҳсулоти дар боло зикршуда, балки гушти гову гусфанд, гушти мурғ, консерв, махсулоти каннодӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзии дорои арзиши иловашуда низ афзоиш хоҳад ёфт.
https://sputnik.tj/20231230/qojoq-asor-kishvarho-iiao-rusiya-kohish-1061131539.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058819372_266:0:2997:2048_1920x0_80_0_0_296b9a14dd6f3cd55ab4a70bdc75046e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
содирот, афзоиш, ииао, эрон, авруосиё, тиҷорат, рушд
содирот, афзоиш, ииао, эрон, авруосиё, тиҷорат, рушд
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои ИИАО ба Эрон дар панҷ сол панҷ баробар афзудааст
17:33 01.01.2024 (Навсозишуда: 15:23 04.01.2024) Ҳамкориҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо кишвари Эрон дар ҳоли рушд қарор доранд. Ба иттилои омори расмӣ содирот аз ИИАО ба Эрон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Эрон яке аз муҳимтарин шарикони тиҷоратии ИИАО ба шумор рафта, дар байни кишварҳои воридкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷои сеюм қарор дорад.
Дар оянда содирот ба ин кишвар, аз ҷумла аз ҳисоби маҳсулоти гӯштӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ муҳимтарин маҳсулоти тиҷории кишварҳои ИИАО ва Эрон аст, муовини мудири ширкати "Агроэкспорт" Айна Кусайнова.
Дар соли 2022 ин маҳсулот тақрибан 90% содирот ва нисфи воридотро ташкил медиҳанд.
Тибқи гузорише, ки омори расмӣ дар 5 соли ахир интиқоли ин намуди колоҳо ба Эрон 5 баробар афзоиш ёфта, ба 3 млрду 750 млн доллар расидааст.
Ба гуфтаи Андрей Слепнев, вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ки масъули соҳа аст, дар чаҳорчӯби Созишномаи тиҷорати озод байни кишварҳои ИИАО ва Эрон, коҳиши 90% боҷ барои тамоми маҳсулот ва беш аз 99% содирот дар назар аст.
Ин иқдом имкон медиҳад, ки содирот, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизо афзоиш ёбад. Асоси содироти АвруОсиё ба Эрон айни замон ғалладона (73%), инчунин равған ва равғани растанӣ (25%) мебошад.
Дар оянда, тибки иттилоъ, содироти на танҳо маҳсулоти дар боло зикршуда, балки гушти гову гусфанд, гушти мурғ, консерв, махсулоти каннодӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзии дорои арзиши иловашуда низ афзоиш хоҳад ёфт.