Ҳукумат сафарҳои дохилию хориҷии ҳунармандони Тоҷикистонро танзим мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевПраздник Сада в Душанбе 2021
Праздник Сада в Душанбе 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2024
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон қонуни ҷадид дар бораи фарҳанг мавриди амал қарор гирифта, қонуни қаблӣ беэътибор шуд. Банде аз қонуни нав марбути сафари ҳунармандон аст
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Сафарҳои ҳунарии гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони алоҳида дар ҳудуди Тоҷикистон ва хориҷи кишвар бо тартиби муқаррарнамудаи ҳукумат ба танзим дароварда мешаванд.
Ин нукта дар моддаи 51-уми қонуни ҷадиди Тоҷикистон дар бораи фарҳанг таъкид шудаст, ки ахиран мавриди амал қарор гирифт.
Дар ин модда, ки марбути сафарҳои ҳунарии гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони алоҳида мебошад, таъкид шудаст, ки барномаи гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони алоҳида бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг мувофиқа карда мешавад.
Юнеско - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2024
Тоҷикистон ният дорад 12 ёдгории таърихӣ ва фарҳангиро ба феҳристи ЮНЕСКО ворид намояд
Мушахассоти тартибот оварда нашудааст, аммо қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳодҳое садо дода буданд, ки ҳунармандоне, ки дар хориҷ ба намояндагӣ аз кишвар мераванд, барномаи сазоворе пешниҳод созанд.
Дар қонуни ҷадид, ҳамчунин модаи алоҳида ба ҳамкории фарҳангӣ бо ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ бахшида шудааст.
“Давлат барои бозгаштани ходимони ба хориҷи кишвар рафтаи соҳаи фарҳанг ва ҳунар шароит фароҳам меорад”, - омадааст дар моддаи 64-и қонун.
Инчунин таъкид шудаст, ки ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанон, тоҷикони бурунмарзӣ ва намояндагиҳои онҳо ҳамкорӣ намуда, чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ мегузаронад, барои бунёди марказҳо, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, хазинаҳои махсус ва рушди фарҳанги миллӣ дар хориҷи кишвар мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0