https://sputnik.tj/20240105/tojikiston-niyat-dorad-12-yodgorii-tarikhi-va-farhangiro-ba-fehristi-unesko-vorid-namoyad-1061166917.html
Тоҷикистон ният дорад 12 ёдгории таърихӣ ва фарҳангиро ба феҳристи ЮНЕСКО ворид намояд
Тоҷикистон ният дорад 12 ёдгории таърихӣ ва фарҳангиро ба феҳристи ЮНЕСКО ворид намояд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар соли равон тасмим дорад 12 ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод намояд
2024-01-05T14:24+0500
2024-01-05T14:24+0500
2024-01-05T14:24+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
мероси фарҳангӣ
юнеско
таърих
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/11/1059990770_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_9991a2a20919df1d952f1262df52e3a1.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Соли 2024 Тоҷикистон 12 ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод менамояд, иттилоъ додааст АМИТ "Ховар" дар истинод ба ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ва ИССЕСКО.Тибқи иттилоъ, имсол номинатсияи "Хутали қадим"-ро дар шакли силсилаҷоиза пешниҳод менамоянд, ки ёдгориҳои "Қалъаи Ҳулбук", "Шаҳристони Ҳулбук", "Манзартеппа", "Қасри шоҳони Хутал" дар ноҳияи Восеъ, ёдгории "Золи Зар", мақбараи "Мавлоно Тоҷиддин" дар ноҳияи Данғара, Шаҳраки Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвон-саройи Тоҳир, "Хишттеппа" дар ноҳияи Ховалинг, ёдгории "Шоҳи Хомӯш" дар ноҳияи Муъминобод, Дайри буддоии "Аҷинатеппа" ва шаҳраки Ҳалевард-Кофирқалъа ба он дохил мешаванд.Бояд изҳор дошт, ки соли 2023-ум 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ки сабаби эътибори бештар пайдо намудани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.Мақсади асосии ворид намудан, ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда мебошад. Ҳоло дар ин рӯйхат зиёда аз 600 номгуй зикр шудааст.
https://sputnik.tj/20231206/atlas-adras-tojikiston-meros-farhang-unesko-1060749516.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/11/1059990770_174:0:2905:2048_1920x0_80_0_0_0455c82c1ea21fb2c1665cf44740189c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, юнеско, пешниҳод, таърихӣ, фарҳангӣ, феҳрист, ворид
тоҷикистон, юнеско, пешниҳод, таърихӣ, фарҳангӣ, феҳрист, ворид
Тоҷикистон ният дорад 12 ёдгории таърихӣ ва фарҳангиро ба феҳристи ЮНЕСКО ворид намояд
Тоҷикистон дар соли равон тасмим дорад 12 ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод намояд
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Соли 2024 Тоҷикистон 12 ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод менамояд, иттилоъ додааст АМИТ "Ховар" дар истинод ба ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ва ИССЕСКО.
Тибқи иттилоъ, имсол номинатсияи "Хутали қадим"-ро дар шакли силсилаҷоиза пешниҳод менамоянд, ки ёдгориҳои "Қалъаи Ҳулбук", "Шаҳристони Ҳулбук", "Манзартеппа", "Қасри шоҳони Хутал" дар ноҳияи Восеъ, ёдгории "Золи Зар", мақбараи "Мавлоно Тоҷиддин" дар ноҳияи Данғара, Шаҳраки Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвон-саройи Тоҳир, "Хишттеппа" дар ноҳияи Ховалинг, ёдгории "Шоҳи Хомӯш" дар ноҳияи Муъминобод, Дайри буддоии "Аҷинатеппа" ва шаҳраки Ҳалевард-Кофирқалъа ба он дохил мешаванд.
Бояд изҳор дошт, ки соли 2023-ум 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ки сабаби эътибори бештар пайдо намудани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.
Мақсади асосии ворид намудан, ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда мебошад. Ҳоло дар ин рӯйхат зиёда аз 600 номгуй зикр шудааст.