https://sputnik.tj/20231128/rusiya-intiqol-istifoda-nizomi-pardokhti-zud-tojikiston-oghoz-1060635077.html
Русия интиқолро бо истифода аз низоми пардохти зуд ба Тоҷикистон оғоз кард
Русия интиқолро бо истифода аз низоми пардохти зуд ба Тоҷикистон оғоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, интиқол бо истифода аз низоми пардохти фаврӣ аз Русия барои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистону Беларус дастрас аст
2023-11-28T12:33+0500
2023-11-28T12:33+0500
2023-11-28T12:33+0500
дар русия
дар тоҷикистон
интиқоли пул
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043103902_0:12:3072:1740_1920x0_80_0_0_2a4a51cd7e8894c41696c082925b36b7.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Русия интиқоли пулро бо истифода аз низоми пардохти зуд (СБП) ба Тоҷикистон оғоз кардааст. Дар ин бора Бонки марказии Федератсияи Русия хабар додааст. Ҳоло русиягиҳо ба интиқол аз тариқи низоми пардохти зуд ба 5 кишвар дастрасӣ доранд. Миёни онҳо Узбекистон, Қирғизистон ва Беларус низ ҳастанд, хабар медиҳад "Известия". Қайд карда мешавад, ки самти байналмилалӣ дар НПЗ фаъолона инкишоф меёбад ва барои ҳамкории бурунмарзӣ хоҳиши тарафи дигар зарур аст. Ёдовар мешавем, ки ахиран Бонки миллии тиҷоратии Русия, ки аз минтақаи Қрим аст, интиқоли фаромарзӣ ба Тоҷикистонро, аз ҷумла бо сомониро роҳандозӣ кард. Ин бонк инчунин интиқоли пул ба Чин, Беларус ва Арманистонро иҷозат додааст. Дафтари матбуоти ин ташкилоти қарзӣ ҳамчунин қайд кард, ки ҷуғрофияи интиқоли фаромарзӣ васеъ мешавад ва онҳо ният доранд, ки ин соҳаро рушд диҳанд. Ба дунболи БМТ-и Қрим, системаи пардохтии Туркия Turan тасмим гирифт, ки интиқоли пулро аз Туркия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷоза диҳад.
https://sputnik.tj/20231119/intiqoli-pul-turkiya-osiyoi-markazi-oson-1060519866.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043103902_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_558306aaee4f835878e2d30b2271aaee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия интиқол низоми пардохт зуд тоҷикистон оғоз
русия интиқол низоми пардохт зуд тоҷикистон оғоз
Русия интиқолро бо истифода аз низоми пардохти зуд ба Тоҷикистон оғоз кард
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, интиқол бо истифода аз низоми пардохти фаврӣ аз Русия барои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистону Беларус дастрас аст
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Русия интиқоли пулро бо истифода аз низоми пардохти зуд (СБП) ба Тоҷикистон оғоз кардааст.
Дар ин бора Бонки марказии Федератсияи Русия хабар додааст.
Ҳоло русиягиҳо ба интиқол аз тариқи низоми пардохти зуд ба 5 кишвар дастрасӣ доранд.
Миёни онҳо Узбекистон, Қирғизистон ва Беларус низ ҳастанд, хабар медиҳад "Известия".
Қайд карда мешавад, ки самти байналмилалӣ дар НПЗ фаъолона инкишоф меёбад ва барои ҳамкории бурунмарзӣ хоҳиши тарафи дигар зарур аст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Бонки миллии тиҷоратии Русия, ки аз минтақаи Қрим аст, интиқоли фаромарзӣ ба Тоҷикистонро, аз ҷумла бо сомониро роҳандозӣ кард. Ин бонк инчунин интиқоли пул ба Чин, Беларус ва Арманистонро иҷозат додааст.
Дафтари матбуоти ин ташкилоти қарзӣ ҳамчунин қайд кард, ки ҷуғрофияи интиқоли фаромарзӣ васеъ мешавад ва онҳо ният доранд, ки ин соҳаро рушд диҳанд.
Ба дунболи БМТ-и Қрим, системаи пардохтии Туркия Turan тасмим гирифт, ки интиқоли пулро аз Туркия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷоза диҳад.