https://sputnik.tj/20240116/jahishi-qurb-rubl-tojikiston-1061286781.html
Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон
Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Таваҷҷуҳ ба арзиши қурби рубли Русия дар Тоҷикистон зиёд аст, чун садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатии кишвар маҳз бо рубл музд мегиранду ба Ватан мефиристанд
2024-01-16T09:39+0500
2024-01-16T09:39+0500
2024-01-16T10:06+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонки миллӣ
қурб
ҷаҳиши қурб
рубл
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045763349_0:276:3151:2048_1920x0_80_0_0_241633ef68863c06fa4eb8894b006b9e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Қурби ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон аз 125 сомонӣ боло рафт, ки нишондоди камсобиқа тайи моҳҳои охир мебошад. Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, нархи доллару евро дар бозори арзи кишвар майли поинравӣ дорад. Ин ниҳод мегӯяд, арзиши1 доллари ИМА — 10.9509 сомонӣ, 1 евро – 11.9847 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ 125,2 сомонӣ муқаррар шудаст. Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон эълон гардидаст. Аз ҷумла 1 доллари ИМА аз 10.9600 то 10.9700 сомонӣ, 1 евро аз 12.0000 то 12.0500 сомонӣ, ҳазор рубли Русия 125 то 1260 сомонӣ харидуфурӯш мешавад. Таваҷҷуҳ ба арзиши қурби рубли Русия дар Тоҷикистон зиёд аст, чун садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатии кишвар маҳз бо рубл музд мегиранду ба Ватан мефиристанд.БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Ин ниҳод таъкид намудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20231231/bujai-majlisi-milli-kamtar-1061136660.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045763349_297:0:3028:2048_1920x0_80_0_0_e57093adbe5ee412f73a5a7b593b0677.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷаҳиш, қурб, рубл, тоҷикистон, афзоиш, бонк, миллӣ
ҷаҳиш, қурб, рубл, тоҷикистон, афзоиш, бонк, миллӣ
Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон
09:39 16.01.2024 (Навсозишуда: 10:06 16.01.2024) Таваҷҷуҳ ба арзиши қурби рубли Русия дар Тоҷикистон зиёд аст, чун садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатии кишвар маҳз бо рубл музд мегиранду ба Ватан мефиристанд
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Қурби ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон аз 125 сомонӣ боло рафт, ки нишондоди камсобиқа тайи моҳҳои охир мебошад.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, нархи доллару евро дар бозори арзи кишвар майли поинравӣ дорад.
Ин ниҳод мегӯяд, арзиши1 доллари ИМА — 10.9509 сомонӣ, 1 евро – 11.9847 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ 125,2 сомонӣ муқаррар шудаст.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон эълон гардидаст.
Аз ҷумла 1 доллари ИМА аз 10.9600 то 10.9700 сомонӣ, 1 евро аз 12.0000 то 12.0500 сомонӣ, ҳазор рубли Русия 125 то 1260 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Таваҷҷуҳ ба арзиши қурби рубли Русия дар Тоҷикистон зиёд аст, чун садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатии кишвар маҳз бо рубл музд мегиранду ба Ватан мефиристанд.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.