Буҷаи Маҷлиси миллӣ дар соли 2024 камтар мешавад: Чӣ қадар ва дар куҷо сарф мешавад?

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2023
Обуна шудан
Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буҷааш барои соли ояндаро тасдиқ кард, ки ба пардохти маошу кумакпулиҳо, хароҷоти мол ва хизматрасониҳо равона мешавад
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар соли 2024 тасдиқ шуд, ки 5 млн сомониро ташкил медиҳад.
Бар асоси смета, ки дар ҷаласаи охир, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ тасдиқ шуд, хароҷоти палатаи болоӣ соли оянда дар қиёс бо нишондоди соли равон ҳудуди ним млн сомонӣ камтар мешавад.
Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Илёс Идрисзода тавзеҳ дод, ки ин маблағ асосан барои пардохти музди меҳнат, хароҷоти мол ва хизмат­расониҳо, инчунин кумакпулиҳои иҷтимоӣ равона мегардад.
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2023
Президент фармонро имзо кард: 2024 дар Тоҷикистон "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон шуд
Аз ҷумла фонди музди меҳнат ва андозҳо - 2,3 млн сомонӣ, хароҷоти мол ва хизматрасониҳо - 2,2 млн, кумакпулиҳои иҷтимоӣ - 0,3 млн cомонӣ ва хариди мошину таҷҳизот – 0,2 млн сомониро ташкил медиҳад.
Дар сохтор ва рӯйхати вазифаҳои дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, ки ҳанӯз соли 2019 тасдиқ шудаанд, ягон тағйирот ворид нагардидааст. Ба иттилои Идрисзода басти вазифаҳои дастгоҳи палатаи болоии парлумон аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки бар асоси сметаҳои Маҷлиси миллӣ хароҷоти ин палата дар соли 2021 ба 3,9 млн сомонӣ ва дар соли 2022 дар ҳаҷми 4,1 млн сомонӣ ва 2023 - 5,5 млн сомонӣ тасдиқ шуда буд.
Қаблан Маҷлиси миллӣ барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ дар дастгоҳи Маҷлис озмун эълон карда буд, ки маош то 3300 сомонӣ эълон шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0