https://sputnik.tj/20240115/rusiya-million-muhojir-soya-berun-1061281597.html
Дар Русия ду миллион муҳоҷирро аз соя берун овардаанд
Дар Русия ду миллион муҳоҷирро аз соя берун овардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Мизони афзоиши ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ коҳиш ёфтааст, мегӯяд раиси Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия
2024-01-15T17:21+0500
2024-01-15T17:21+0500
2024-01-15T17:21+0500
муҳоҷират
русия
александр бастрикин
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061222668_0:188:3064:1912_1920x0_80_0_0_3dcd9d1680fec20ef81ee029f11e20c7.jpg
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Кормандони интизомии Русия ҳудуди 2 миллион хориҷиро аз соя берун оварданд. Дар ин бора раиси Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия Александр Бастрикин дар мусоҳиба бо РИА "Новости" хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, чунин натиҷаҳо дар се соли ахир ба даст омадаанд. Бастрикин тавзеҳ дод, ки Кумитаи тафтишоти Русия беш аз 2,2 ҳазор парвандаи ҷиноятҳои содиркардаи хориҷиёнро ба додгоҳ ирсол кардааст. Ҳамзамон, 97 парвандаи ҷиноӣ нисбати мансабдороне, ки дар соҳаи муҳоҷират ҷиноят содир кардаанд, ба додгоҳ ирсол гардид. Раиси Кумитаи тафтишот ёдовар шуд, ки афроде, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, бояд дарк кунанд, ки ин на танҳо ҳуқуқу имкониятҳо, балки масъулиятҳое ҳастанд, ки ҳоло дар баробари шаҳрвандони дигар бар дӯш доранд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дарёфти шаҳрвандии Русияро барои сокинони Беларус, Қазоқистон ва Молдова сода кардааст.Фармони дахлдори раиси ҷумҳури Русия дар вебсайти Кремл нашр шудааст. Ҳамин тариқ, онҳое, ки ба таври доимӣ дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, новобаста аз мӯҳлати будубош дар кишвар метавонанд барои гирифтани шаҳрвандии Русия муроҷиат кунанд.Шаҳрвандони Федератсияи Русия, шаҳрвандони хориҷӣ, ки қобили амал буда, ба синни 18 расидаанд, метавонанд шаҳрвандии Федератсияи Русия шаванд.Дар ҳамин ҳол, сар аз 7 январ шаҳрвандони хориҷӣ, ки патент гирифтаанд, муваззафанд, ки дар давоми ду моҳ аз рӯзи дарёфти он ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи ба кор қабул шудан огоҳинома пешниҳод кунанд. Инро, аз ҷумла, тавассути хадамоти давлатӣ метавон анҷом дод. Шаҳрвандони хориҷӣ бояд нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё ҳуқуқи шаҳрвандии худро ба огоҳинома замима кунанд. Агар шартнома шифоҳӣ баста шуда бошад, дар огоҳинома бояд дар бораи шартҳои иҷрои кор ё хизматрасонӣ маълумот дода шавад.
https://sputnik.tj/20231024/kobina-vaziron-rusiya-chora-nikoh-qalbaki-shadid-1060125332.html
https://sputnik.tj/20231228/rahmon-mizon-marg-muhojiron-tojik-nigaron-1061102546.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0a/1061222668_116:0:2847:2048_1920x0_80_0_0_9b76d89c3679cf9fc4f7ded5790f3bfb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия миллион муҳоҷир соя берун
русия миллион муҳоҷир соя берун
Дар Русия ду миллион муҳоҷирро аз соя берун овардаанд
Мизони афзоиши ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ коҳиш ёфтааст, мегӯяд раиси Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Кормандони интизомии Русия ҳудуди 2 миллион хориҷиро аз соя берун оварданд.
Дар ин бора раиси Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия Александр Бастрикин дар мусоҳиба бо РИА "Новости" хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, чунин натиҷаҳо дар се соли ахир ба даст омадаанд.
"Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 3 соли охир имкон пайдо шуд, ки ҳудуди 2 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз соя берун карда шаванд ва мизони афзоиши ҷиноятҳои содир намудани шаҳрвандони хориҷӣ суст гардид", - гуфт ӯ.
Бастрикин тавзеҳ дод, ки Кумитаи тафтишоти Русия беш аз 2,2 ҳазор парвандаи ҷиноятҳои содиркардаи хориҷиёнро ба додгоҳ ирсол кардааст.
Ҳамзамон, 97 парвандаи ҷиноӣ нисбати мансабдороне, ки дар соҳаи муҳоҷират ҷиноят содир кардаанд, ба додгоҳ ирсол гардид.
Раиси Кумитаи тафтишот ёдовар шуд, ки афроде, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, бояд дарк кунанд, ки ин на танҳо ҳуқуқу имкониятҳо, балки масъулиятҳое ҳастанд, ки ҳоло дар баробари шаҳрвандони дигар бар дӯш доранд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дарёфти шаҳрвандии Русияро барои сокинони Беларус, Қазоқистон ва Молдова сода кардааст.
Фармони дахлдори раиси ҷумҳури Русия дар вебсайти Кремл нашр шудааст. Ҳамин тариқ, онҳое, ки ба таври доимӣ дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, новобаста аз мӯҳлати будубош дар кишвар метавонанд барои гирифтани шаҳрвандии Русия муроҷиат кунанд.
Шаҳрвандони Федератсияи Русия, шаҳрвандони хориҷӣ, ки қобили амал буда, ба синни 18 расидаанд, метавонанд шаҳрвандии Федератсияи Русия шаванд.
Дар ҳамин ҳол, сар аз 7 январ шаҳрвандони хориҷӣ, ки патент гирифтаанд, муваззафанд, ки дар давоми ду моҳ аз рӯзи дарёфти он ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи ба кор қабул шудан огоҳинома пешниҳод кунанд.
Инро, аз ҷумла, тавассути хадамоти давлатӣ метавон анҷом дод. Шаҳрвандони хориҷӣ бояд нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё ҳуқуқи шаҳрвандии худро ба огоҳинома замима кунанд. Агар шартнома шифоҳӣ баста шуда бошад, дар огоҳинома бояд дар бораи шартҳои иҷрои кор ё хизматрасонӣ маълумот дода шавад.