Раҳмон аз мизони марги муҳоҷирони тоҷик ва "фирор"-и мутахассисон нигаронӣ кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПослание Рахмона парламенту
Послание Рахмона парламенту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2023
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон зимни ироаи паём ба парлумон дар мавриди рафтани мутахассисон аз ҷумҳурӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ изҳороти муҳим дод
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мизони маргу мири муҳоҷирони тоҷик изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумон гуфт, ки “шароити муҳоҷиронро нағз медонам”.
“Садҳо ҷасад меорем. Онҳое, ки барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ барои фарзандонаш рафтаанд, чунки мо, роҳбарон, аз боло то поён фақат фикри нафси бади худро мекунем,” -- афзуд Раҳмон.
Вай аз мақомот хост, ки барои таъмини аҳолӣ дар дохили кишвар бо маошу шароти хуб чораандешӣ кунанд.
Раисҷумҳур гуфт, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо солона шаҳрвандии хориҷиро қабул карда истодаанд ва ин равандро нигаронкунанда хонд.
“Мутахассисони беҳтарин. Ба шаҳрвандони оди шаҳрвандӣ намедиҳанд. Мо бояд чуқур андеша кунем. Ояндаро низ бояд фикр кард. Ҳам ҷиҳати мусбӣ ва ҳам ҷиҳати манфӣ дорад. Ин махфӣ нест”,- афзуд сарвари давлат.
Тибқи дастуру супоришҳои қаблӣ ба таъкиди раҳмон ҳамсола бояд дар кишвар то 100 ҳазор ҷойи кории нав муҳаё шавад.
Флаги Южной Кореи и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2023
Душанбе мехоҳад муҳоҷиратро бисёрсамта созад: Оғози омӯзишу забону ихтисос барои Корея
Ӯ аз таҷрибаи шаҳрдори Душанбе мисол овард, ки соли ҷорӣ дар пойтахт 40 ҳазор ҷойи корӣ таҳия кардаанд, ки аз он 5 ҳазор ба занон нигаронида шуда буд.
Ташкили ҷойҳои кории нав бо музди меҳнати муносиб дар дохили кишвар ва омӯзиши касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон яке аз вазифаҳои ҳукумати кишвар аст.
Дар ин раванд ба гуфтаи ӯ, Вазоратҳои меҳнат муҳоҷират, маориф, дигар сохторҳои давлатӣ дар ин самт масъуланд.
Лентаи хабарҳо
0