Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков: баҳси сулҳ дар Украина бидуни Русия маъно надорад

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2024
Обуна шудан
Маскав борҳо таъкид кардааст, ки ҷониби Русия омодаи музокира аст, аммо бо эҳтиром ба манофеи худ ба самти гуфтушунид меравад
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Мулоқоти кишварҳо барои баррасии “формули сулҳ”-и Владимир Зеленский дар Давос сӯҳбат ба хотири гуфтугӯст.
Дар ин бора котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт.
Вай ёдовар шуд, ки Маскав борҳо ба ин раванд баҳои худро додааст.
Кремл қайд кард, ки ин гуна баҳсҳо имконпазир аст, аммо дурнамо ва маъно надоранд.
"Аслан, ин гуфтугӯҳо ба хотири гуфтугӯҳост, ин равандест, ки бо як сабаби возеҳ ва оддӣ барои ба даст овардани натиҷаи мушаххас нигаронида нашудааст ва намешавад - мо дар он ширкат намекунем",- гуфт Песков.
Қаблан Игнасио Кассис, вазири умури хориҷии Швейтсария низ изҳор дошт, ки дар ҳалли мусолиматомези низоъ дар Украина алтернативае ба Русия вуҷуд надорад.

"Формулаи сулҳ"

Ба ном "формулаи сулҳ"-ро Киев кор карда баромад ва пешбарӣ кард. Тибқи ин “формула”, Украина ба ҳамгироӣ ба НАТО ва ҳамчунин ҳалли “масъалаи ҳудудӣ” исрор дорад.
Илова бар ин, он ба амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ ва ҳастаӣ, хуруҷи нерӯҳои Русия, раҳоии ҳамаи маҳбусон ва “поёни муноқиша” дахл дорад.
Спецоперация России по защите Донбасса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар ИМА эътироф карданд, ки Украина ҳазорҳо низомии таҷрибадору иродатмандашро талаф дод
Кремл ин паёмҳоро комилан аз воқеият ҷудо медонад. Ҳамин тариқ, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, "формулаи сулҳ"-и Зеленскийро маҳсули хаёли бемор номид.
Ба гуфтаи вай, давлатҳои ғарбӣ кӯшиш мекунанд, ки давлатҳои дигарро ба татбиқи ин идея ҷалб кунанд, танҳо кӯшиш мекунанд, ки онҳоро "ҷудо" кунанд ва бо ёрии нуктаҳои алоҳидае, ки дар ин формула навишта шудаанд, онҳоро идора кунанд.

Москва ба гуфтушунид омода аст

Маскав борҳо хабар дода буд, ки ба музокирот омода аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ дар бораи он мамнӯъ эълон кардааст.
Кремл инчунин қайд мекунад, ки тамоми талаботи Русия ба ҳама маълум аст. Маскав аз аҳдофи амалиёти вижа даст намекашад ва вазъ дар Украина метавонад ба самти сулҳомез равад, ба шарте, ки вазъи воқеъӣ ва воқеиятҳои нав ба назар гирифта шавад.
Лентаи хабарҳо
0