https://sputnik.tj/20240114/tojikiston-himoyat-chini-vohid-1061275225.html
Тоҷикистон ба ҳимоят аз "Чини воҳид" изҳорот дод
Тоҷикистон ба ҳимоят аз "Чини воҳид" изҳорот дод
Sputnik Тоҷикистон
Душанбеи расмӣ эълон намуд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ягона ҳукумати қонунӣ ва ба намояндагӣ аз ҳамаи ин кишвар медонад
2024-01-14T17:26+0500
2024-01-14T17:26+0500
2024-01-14T17:27+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
чин
ҳукумат
тайван
интихобот
изҳорот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:432:4608:3024_1920x0_80_0_0_2e6a2a5a669444869b82ca9ddc0666f8.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Тоҷикистон ҷонибдории комили худро аз сиёсати "Чини воҳид" дар пасманзари интихоботи баргузоршуда дар Тайван эълон намуд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон дошт, ки интихоботи 13 январи соли ҷорӣ дар Тайвани Чин баргузоршударо "ба истилоҳ интихобот" хонд.Душанбеи расмӣ таъкид намуд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ягона ҳукумати қонунӣ ва ба намояндагӣ аз ҳамаи Чин медонад."Тоҷикистон бо эътирофи Тайван ба сифати ҷузъи ҷудонашавандаи қадамрави Чин, қатъиян бар зидди ҳама гуна кӯшишҳои дахолати беруна ба корҳои дохилии ин кишвари дӯст аст", - таъкид шудаст дар изҳорот. Маврид ба зикр аст, ки мақомоти Тайван аз баргузории интихобот рӯзи 13 январ иттилоъ доданд, ки дар он раҳбари Ҳизби демократии пешоҳанг, Лай Тсинде, ки тарафдори истиқлоли музофот аст, раиси маъмурияти ҷазира шуд. Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот, иштироки интихобкунандагон 69,8% буд ва беш аз 40% ба тарафдории Лай Тсиндэ овоз додаанд.Муносибатхои расмии ҳукумати марказии Чин ва музофоти ҷазиравии он соли 1949 баъди ба Тайван кучидани қувваҳои шикастхӯрда аз Ҳизби коммунисти кишвар канда шуд. Алоқаҳои тиҷорӣ байни ҷазира ва қисмати материкии Чин дар охири солҳои 1980 барқарор шуданд. Аз ибтидои солҳои 90-ум ҷонибҳо тавассути созмонҳои ғайриҳукуматӣ - Ассотсиатсияи Пекин оид ба рушди муносибатҳо дар саросари гулӯгоҳи Тайван ва Бунёди табодули байни гулӯгоҳҳои Тайбэй тамос гирифтанд.
https://sputnik.tj/20240114/tramp-nazdikshav-jangi-seumi-jahon-hushdor-1061274793.html
чин
тайван
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_db40810332627bbeb524a76379a079d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, ҳимоят, чин, воҳид, изҳорот, вазорат, хориҷӣ
душанбе, ҳимоят, чин, воҳид, изҳорот, вазорат, хориҷӣ
Тоҷикистон ба ҳимоят аз "Чини воҳид" изҳорот дод
17:26 14.01.2024 (Навсозишуда: 17:27 14.01.2024) Душанбеи расмӣ эълон намуд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ягона ҳукумати қонунӣ ва ба намояндагӣ аз ҳамаи ин кишвар медонад
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Тоҷикистон ҷонибдории комили худро аз сиёсати "Чини воҳид" дар пасманзари интихоботи баргузоршуда дар Тайван эълон намуд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон дошт, ки интихоботи 13 январи соли ҷорӣ дар Тайвани Чин баргузоршударо "ба истилоҳ интихобот" хонд.
Душанбеи расмӣ таъкид намуд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ягона ҳукумати қонунӣ ва ба намояндагӣ аз ҳамаи Чин медонад.
"Тоҷикистон бо эътирофи Тайван ба сифати ҷузъи ҷудонашавандаи қадамрави Чин, қатъиян бар зидди ҳама гуна кӯшишҳои дахолати беруна ба корҳои дохилии ин кишвари дӯст аст", - таъкид шудаст дар изҳорот.
Маврид ба зикр аст, ки мақомоти Тайван аз баргузории интихобот рӯзи 13 январ иттилоъ доданд, ки дар он раҳбари Ҳизби демократии пешоҳанг, Лай Тсинде, ки тарафдори истиқлоли музофот аст, раиси маъмурияти ҷазира шуд.
Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот, иштироки интихобкунандагон 69,8% буд ва беш аз 40% ба тарафдории Лай Тсиндэ овоз додаанд.
Муносибатхои расмии ҳукумати марказии Чин ва музофоти ҷазиравии он соли 1949 баъди ба Тайван кучидани қувваҳои шикастхӯрда аз Ҳизби коммунисти кишвар канда шуд.
Алоқаҳои тиҷорӣ байни ҷазира ва қисмати материкии Чин дар охири солҳои 1980 барқарор шуданд. Аз ибтидои солҳои 90-ум ҷонибҳо тавассути созмонҳои ғайриҳукуматӣ - Ассотсиатсияи Пекин оид ба рушди муносибатҳо дар саросари гулӯгоҳи Тайван ва Бунёди табодули байни гулӯгоҳҳои Тайбэй тамос гирифтанд.