https://sputnik.tj/20240114/arvis-korkardi-pakhta-besh-nim-mlrd-somon-1061273235.html
Созиш бо ҳукумат: "Арвис" ният дорад, ба коркарди пахта ним млрд сомонӣ сармоя гузорад
Созиш бо ҳукумат: "Арвис" ният дорад, ба коркарди пахта ним млрд сомонӣ сармоя гузорад
Sputnik Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон созишномаи ҳукумати кишвар бо ширкати "Арвис"-ро ҷонибдорӣ намуд, ки ба иттилои масъулин ба саноатикунонии босуръати кишвар равона шудаст
2024-01-14T10:40+0500
2024-01-14T10:40+0500
2024-01-14T10:40+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
тавлид
истеҳсол
саноат
намоишгоҳи нассоҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1f/1060255858_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_84dc5c7e26edacdefd7420848ca7b11e.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Ширкати "Арвис" барои таъсиси корхонаҳои коркарди пахта ба даст овардани марҳилаи ниҳоӣ дар маҷмуъ ҳудуди 600 млн сомониро равона хоҳад кард. Ин нукта зимни шарҳи созиши ҳукумат бо "Арвис" баён шуд, ки ахиран онро парлумон тасдиқ кард. Тавзеҳ дода шуд, ки силсилаи корхонаҳо дар ду марҳила татбиқ гардида, дар марҳалаи якум арзиши он 300 млн сомониро ташкил медиҳад. Маблағгузории марҳалаи дуюм аз татбиқи пурраи марҳалаи якум вобаста буда, ҳаҷми умумии он он низ тибқи ҳисобҳои пешакӣ то 300 млн сомонӣ арзёбӣ гардидааст. Ноиби аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Хуршед Мирзо гуфт, дар марҳалаи аввал, иқтидори истеҳсолии корхонаҳои таъсисшаванда 5,5 ҳазор тонна ришта 3,6 ҳазор тонна матои патдори рангуборшударо дар як сол ташкил медиҳад.Инчунин фаъолсозии корхонаҳо барои таъсиси зиёда аз 2000 ҷойи кори доимӣ ва то 1500 ҷойи кори мавсимӣ замина мегузорад, тавзеҳ дод ӯ. Таъкид гардид, ки татбиқи созишномаи мазкур барои рушди соҳаи нассоҷӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ, таъсиси корхонаҳои пахтатозакунию ресандагӣ, бофандагию дӯзандагӣ мусоидат мекунад. Маврид ба зикр аст, ки моҳи октябри соли гузашта ширкати "Арвис" дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи нассоҷиро дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дод, ки дар як сол 3 ҳазору 600 тонна ресмони пахтагинро коркард намуда, аз он маҳсулоти тайёр пешниҳод мекунад.
https://sputnik.tj/20231031/dushanbe-korkhona-navi-sanoat-kushoda-1060243227.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1f/1060255858_172:0:2901:2047_1920x0_80_0_0_c5d3db49dd3671e70323b341808f58cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сабукӣ, арвис, ташкил, корхона, нав, суръат
сабукӣ, арвис, ташкил, корхона, нав, суръат
Созиш бо ҳукумат: "Арвис" ният дорад, ба коркарди пахта ним млрд сомонӣ сармоя гузорад
Парлумони Тоҷикистон созишномаи ҳукумати кишвар бо ширкати "Арвис"-ро ҷонибдорӣ намуд, ки ба иттилои масъулин ба саноатикунонии босуръати кишвар равона шудаст
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Ширкати "Арвис" барои таъсиси корхонаҳои коркарди пахта ба даст овардани марҳилаи ниҳоӣ дар маҷмуъ ҳудуди 600 млн сомониро равона хоҳад кард.
Ин нукта зимни шарҳи созиши ҳукумат бо "Арвис" баён шуд, ки ахиран онро парлумон тасдиқ кард.
Тавзеҳ дода шуд, ки силсилаи корхонаҳо дар ду марҳила татбиқ гардида, дар марҳалаи якум арзиши он 300 млн сомониро ташкил медиҳад. Маблағгузории марҳалаи дуюм аз татбиқи пурраи марҳалаи якум вобаста буда, ҳаҷми умумии он он низ тибқи ҳисобҳои пешакӣ то 300 млн сомонӣ арзёбӣ гардидааст.
Ноиби аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Хуршед Мирзо гуфт, дар марҳалаи аввал, иқтидори истеҳсолии корхонаҳои таъсисшаванда 5,5 ҳазор тонна ришта 3,6 ҳазор тонна матои патдори рангуборшударо дар як сол ташкил медиҳад.
Инчунин фаъолсозии корхонаҳо барои таъсиси зиёда аз 2000 ҷойи кори доимӣ ва то 1500 ҷойи кори мавсимӣ замина мегузорад, тавзеҳ дод ӯ.
Таъкид гардид, ки татбиқи созишномаи мазкур барои рушди соҳаи нассоҷӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ, таъсиси корхонаҳои пахтатозакунию ресандагӣ, бофандагию дӯзандагӣ мусоидат мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи октябри соли гузашта ширкати "Арвис" дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи нассоҷиро дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дод, ки дар як сол 3 ҳазору 600 тонна ресмони пахтагинро коркард намуда, аз он маҳсулоти тайёр пешниҳод мекунад.