https://sputnik.tj/20240113/okhirin-ishtirokchii-jbv-dar-nohiyai-bobojon-ghafurov--darguzasht--1061271336.html
Охирин иштирокчии ҶБВ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даргузашт
Охирин иштирокчии ҶБВ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Марҳум дар синни 17-солагӣ ба сафи артиши ИттиҳодиҶамоҳири Шӯравӣ пайваста бо саркӯби фашизм то пирӯзӣ ба Чехословакия ва Маҷористон рафтааст
2024-01-13T16:29+0500
2024-01-13T16:29+0500
2024-01-13T16:30+0500
ҷбв
дар тоҷикистон
собиқадорони ҷбв
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102885/82/1028858223_0:84:1601:984_1920x0_80_0_0_3af48c5be78f80997162d462cca669d0.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Охирин иштирокчии ҶБВ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Эшбой Умурзоқов аз дунё гузашт.Хабари даргузашти ин қаҳрамони ҶБВ-ро, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Исохӯҷа Каримхӯҷаев ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард. Бино ба гуфти манбаъ марҳуд 99 сол дошт ва маросими видоъ бо ин қаҳрамони ҶБВ дар ҷамоати Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Раиси Шӯраи собиқадорони ҷанг ва меҳнат гуфт, Умурзоқов соли 1941, замоне ки 17 сол дошт бо амри дилу виҷдон барои адои қарзи ватандӯстонаи худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сафарбар шуда ва аз худ корномаҳои бузургеро нишон додааст. Корномаи ҷангии ӯ бо 7 адад медали сарбози шуҷоъи ҶБВ қадрдонӣ карда шудааст.Эшбойбобо то соли 1948 дар артиши Шӯравӣ хизмат намуда баъди бозгашт фаъолияти худро ба сифати мудири анбор ва ҳисобдори колхоз идома додааст. Соли 2022 дар остонаи таҷлили Рӯзи ғалаба тӯҳфаи раисиҷумҳур Владимр Путинро, масъулони консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд ба Умурзоқов Эшбой расонида буданд. Бар пояи иттилоъи Шавкат Алиев, раиси Шӯрои собиқадорони ҶБВ дар Суғд, дар ин вилоят алҳол 6 иштирокчии ҶБВ дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич – 2 нафар, Ашт – 2 нафар, Мастчоҳ – 1 нафар ва дар шаҳри Конибодом – 1 нафар ба сар мебаранд, ки сину соли ҳар кадоми онҳо ҳудуди 96 – 98 сол доранд.
https://sputnik.tj/20231006/nohiyai-mastchoh-qahramonon-jbv-gushai-abadi-1059835492.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102885/82/1028858223_88:0:1511:1067_1920x0_80_0_0_70b03e3149c7f752146dfb21fe12fa59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
охирин иштирокчӣ ҷбв ноҳияи бобоҷон ғафуров даргузашт
охирин иштирокчӣ ҷбв ноҳияи бобоҷон ғафуров даргузашт
Охирин иштирокчии ҶБВ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даргузашт
16:29 13.01.2024 (Навсозишуда: 16:30 13.01.2024) Марҳум дар синни 17-солагӣ ба сафи артиши ИттиҳодиҶамоҳири Шӯравӣ пайваста бо саркӯби фашизм то пирӯзӣ ба Чехословакия ва Маҷористон рафтааст
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Охирин иштирокчии ҶБВ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Эшбой Умурзоқов аз дунё гузашт.
Хабари даргузашти ин қаҳрамони ҶБВ-ро, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Исохӯҷа Каримхӯҷаев ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
Бино ба гуфти манбаъ марҳуд 99 сол дошт ва маросими видоъ бо ин қаҳрамони ҶБВ дар ҷамоати Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.
Раиси Шӯраи собиқадорони ҷанг ва меҳнат гуфт, Умурзоқов соли 1941, замоне ки 17 сол дошт бо амри дилу виҷдон барои адои қарзи ватандӯстонаи худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сафарбар шуда ва аз худ корномаҳои бузургеро нишон додааст.
“Дар замони ҷанг муқобили фашизм барои наҷоти Чехословакия рафта, як муддат дар Маҷористон низ хизмат кардаанд”, – зикр кард, Каримхӯҷаев.
Корномаи ҷангии ӯ бо 7 адад медали сарбози шуҷоъи ҶБВ қадрдонӣ карда шудааст.
Эшбойбобо то соли 1948 дар артиши Шӯравӣ хизмат намуда баъди бозгашт фаъолияти худро ба сифати мудири анбор ва ҳисобдори колхоз идома додааст.
Соли 2022 дар остонаи таҷлили Рӯзи ғалаба тӯҳфаи раисиҷумҳур Владимр Путинро, масъулони консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд ба Умурзоқов Эшбой расонида буданд.
Бар пояи иттилоъи Шавкат Алиев, раиси Шӯрои собиқадорони ҶБВ дар Суғд, дар ин вилоят алҳол 6 иштирокчии ҶБВ дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич – 2 нафар, Ашт – 2 нафар, Мастчоҳ – 1 нафар ва дар шаҳри Конибодом – 1 нафар ба сар мебаранд, ки сину соли ҳар кадоми онҳо ҳудуди 96 – 98 сол доранд.