https://sputnik.tj/20231006/nohiyai-mastchoh-qahramonon-jbv-gushai-abadi-1059835492.html
Дар ноҳияи Мастчоҳ барои қаҳрамонони ҶБВ гушаи абадӣ месозанд
Дар ноҳияи Мастчоҳ барои қаҳрамонони ҶБВ гушаи абадӣ месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар боғи фарҳангию фароғатии марказии шаҳраки Бӯстон ҷойи махсус ҷудо шуда дар он нимпайкараҳои қаҳрамонони ҷангу меҳнат насб карда мешавад
2023-10-06T23:58+0500
2023-10-06T23:58+0500
2023-10-24T19:12+0500
дар тоҷикистон
суғд
мастчоҳ
фарҳанг
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/06/1059830066_0:171:1963:1275_1920x0_80_0_0_402cabf5d192d58a1fd173d3c73134fc.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Дар боғи фарҳангию фароғатии марказии шаҳраки Бӯстон ҷойи махсус ҷудо шуда дар он нимпайкараҳои қаҳрамонони ҷангу меҳнат насб карда мешавад. Дар ин бора аз Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд.Зайнуддин Заҳрутдинов аъзои Шӯрои мазкур ва аз ташаббускорони ин иқдом ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ҳадаф аз гузоштани нимпайкараҳои қаҳрамонони ҷангу меҳнатро арҷгузорӣ ба заҳмату фидокориҳои шоистаи собиқадорону заҳматкашони ҶБВ ва тарбияи маънавии насли нав дар рӯҳияи меҳнатдӯстию ватанпарастӣ зикр кард.“Дар ин гӯша нимпайкараҳои иштирокчии ҶБВ солҳои 1941-1945, қаҳрамони халқии Лаҳистон – Малик Ашӯров (Иван – Тоҷик), қаҳрамонони ҷабҳаи меҳнату корзор Ҳоҷӣ Амиров, Наврӯзмаҳмад Раҷабов ва Сафарбек Давлатов гузошта хоҳанд шуд, ки ҳар кадоме аз фидокориҳои беназир кардаанд” – гуфт, Заҳрутдинов.Бино гуфти ӯ, пайкараҳо аз сӯи муҷассамасози номдор Асрори Аҳрориён сохта шуда, қарор аст рӯзҳои наздик бо иштироки масъулони ҳукумат расман насб карда шаванд.Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ дар бораи абадӣ гардонидани хотираи қаҳрамонони ҷанг ва меҳнат бо судури қарор замин ҷудо намуд.Бар пояи иттилоъи Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар солҳои 1941 – 1945 беш аз ду ҳазор ҷавонони далеру шуҷоӣ мастчоҳӣ ба ҶБВ сафарбар шуда, аз ин теъдод беш аз 220 нафар шаҳид шуда абадӣ хобидаанд. Дигарон бо пирӯзӣ бар фашим ба Ватан баргаштаанд.Зайниддин Заҳрутдинов иброз намуд, ки ҳоло аз шумури умумии иштирокчиёни ҶБВ як нафар бо насаби Ҳотамов, собиқ корманди мақомоти милитсия дар деҳаи Мастчоҳ дар қайди ҳаёт мебошад.Аъзои Шӯро таъкид намуд, ки ному ёди қаҳрамонони ҶБВ абадан зинда буда, фаромуш намешавад.
https://sputnik.tj/20230508/yode-qahramononi-jbv-kharitai-dushanbe-1056969815.html
суғд
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/06/1059830066_0:0:1933:1449_1920x0_80_0_0_b20ebeee468f85ead52b51bb0844a564.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷбв, мастчоҳ, қаҳрамон, гушаи адабӣ, фарҳанг, маориф, нимпайкара, суғд
тоҷикистон, ҷбв, мастчоҳ, қаҳрамон, гушаи адабӣ, фарҳанг, маориф, нимпайкара, суғд
Дар ноҳияи Мастчоҳ барои қаҳрамонони ҶБВ гушаи абадӣ месозанд
23:58 06.10.2023 (Навсозишуда: 19:12 24.10.2023) Эксклюзив
Ҳадаф аз гузоштани нимпайкараҳои қаҳрамонони ҷангу меҳнат арҷгузорӣ ба фидокориҳои собиқадорону заҳматкашони ҶБВ ва тарбияи маънавии насли нав арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Дар боғи фарҳангию фароғатии марказии шаҳраки Бӯстон ҷойи махсус ҷудо шуда дар он нимпайкараҳои қаҳрамонони ҷангу меҳнат насб карда мешавад.
Дар ин бора аз Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд.
Зайнуддин Заҳрутдинов аъзои Шӯрои мазкур ва аз ташаббускорони ин иқдом ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ҳадаф аз гузоштани нимпайкараҳои қаҳрамонони ҷангу меҳнатро арҷгузорӣ ба заҳмату фидокориҳои шоистаи собиқадорону заҳматкашони ҶБВ ва тарбияи маънавии насли нав дар рӯҳияи меҳнатдӯстию ватанпарастӣ зикр кард.
“Дар ин гӯша нимпайкараҳои иштирокчии ҶБВ солҳои 1941-1945, қаҳрамони халқии Лаҳистон – Малик Ашӯров (Иван – Тоҷик), қаҳрамонони ҷабҳаи меҳнату корзор Ҳоҷӣ Амиров, Наврӯзмаҳмад Раҷабов ва Сафарбек Давлатов гузошта хоҳанд шуд, ки ҳар кадоме аз фидокориҳои беназир кардаанд” – гуфт, Заҳрутдинов.
Бино гуфти ӯ, пайкараҳо аз сӯи муҷассамасози номдор Асрори Аҳрориён сохта шуда, қарор аст рӯзҳои наздик бо иштироки масъулони ҳукумат расман насб карда шаванд.
Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ дар бораи абадӣ гардонидани хотираи қаҳрамонони ҷанг ва меҳнат бо судури қарор замин ҷудо намуд.
Бар пояи иттилоъи Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар солҳои 1941 – 1945 беш аз ду ҳазор ҷавонони далеру шуҷоӣ мастчоҳӣ ба ҶБВ сафарбар шуда, аз ин теъдод беш аз 220 нафар шаҳид шуда абадӣ хобидаанд. Дигарон бо пирӯзӣ бар фашим ба Ватан баргаштаанд.
Зайниддин Заҳрутдинов иброз намуд, ки ҳоло аз шумури умумии иштирокчиёни ҶБВ як нафар бо насаби Ҳотамов, собиқ корманди мақомоти милитсия дар деҳаи Мастчоҳ дар қайди ҳаёт мебошад.
Аъзои Шӯро таъкид намуд, ки ному ёди қаҳрамонони ҶБВ абадан зинда буда, фаромуш намешавад.