Ширкати ҳавопаймоии "Эйр Астана" аз "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" тахфиф мехоҳад

© Foto / Хадамоти матбуоти Агентии авиатсияи граждании ТоҷикистонМулоқоти Сафири Қазоқистон бо директори Агентии авиатсияи гражданӣ
Мулоқоти Сафири Қазоқистон бо директори Агентии авиатсияи гражданӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2024
Обуна шудан
Тоҷикистону Қазоқистон умедворанд, ки дар оянда робитаҳои судманди ду кишвар дар бахши авиатсияи гражданӣ боз ҳам густариш пайдо хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ахиран дар Душанбе масъалаи барқарор намудани парвозҳо дар хатсайри Остана - Душанбе - Остана ва имконияти пешниҳоди тахфиф ба "Ширкати ҳавопаймоии Эйр Астана" аз ҷониби ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин масоил дар як дидори мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Сафарзода Дилшод Файзалӣ бо сафири Қазоқистон дар Душанбе Валихан Туреханов баррасӣ гардид.
Зимни мулоқот сафири Қазоқистон таъкид кард, ки соҳаи авиатсияи гражданӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҳамкории байни ду кишвар мебошад ва дар солҳои охир пешравиҳои зиёде дар ин самт ба чашм мерасад.
Самолёт компании Сомон Эйр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2024
Оғози парвозҳои Ширкати "Сомон Эйр" аз Хуҷанд ба самти Дубай, Ҷидда, ва Истамбул
“Дар вохӯрии мазкур масъалаи барқарор намудани парвозҳо дар хатсайри Остана - Душанбе - Остана ва имконияти пешниҳоди тахфиф ба "Ширкати ҳавопаймоии Эйр Астана" аз ҷониби ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" мавриди муҳокима қарор дода шуданд”,- таъкид намудааст манбаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи рушд додани ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карда шудааст, ки дар оянда низ робитаҳои боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Лентаи хабарҳо
0