Ҳушдори КҲФ аз хатари лағзиши тарма дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Иванов / Гузариш ба медиабонкСход лавинных очагов
Сход лавинных очагов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2024
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор додааст, ки хатари лағзиши тарма дар бархе манотиқ то 16-уми декабри соли равон боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 12 то 16-уми январи соли равон дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро ба ин самтҳо маҳдуд кунанд ва аз ҳар гуна сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ намоянд.
“Дар ин минтақа ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва ғайра маслиҳат нест”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамчунин КҲФ аз сокинони хоҳиш кардааст, ки ҳангоми гарм кардани хонаҳои худ қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя намоянд.
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2023
КҲФ аз барфкӯчиҳо дар Тоҷикистон ҳушдор дод
“Фарзандони худро беназорат нагузоред ва ҳамеша дар ҳар сафар онҳоро ҳамроҳӣ кунед”, - илова кардааст КҲФ.
Кумита ба ронандагон тавсия додааст, ки қабл аз сафар аввал аз манбаъҳои расмӣ, дар бораи вазъи роҳ маълумоти дақиқ дарёфт кунанд, ба ахбори Агентии ҳавошиносии кишвар дар мавриди боду борон диққат диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, аз ронандагони мошинҳои боркаш хоҳиш карда шудааст, ки воситаҳои нақлиётро бо ҳама абзори зарурӣ, аз ҷумла занҷирҳо, бандҳо, фонусҳо ва ғайра таъмин намоянд.
Ҳамчунин аз ронандагон хоҳиш карда шудааст, ки суръати ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0