https://sputnik.tj/20231225/khf-barfkuchi-tojikiston-hushdor-1061050187.html
КҲФ аз барфкӯчиҳо дар Тоҷикистон ҳушдор дод
КҲФ аз барфкӯчиҳо дар Тоҷикистон ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Ба ҳамаи ронандагоне, ки сафарашонро ба таъхир андохта наметавонанд, тавсия карда мешавад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани ҳаракат аз вазъияти роҳҳо шинос шаванд
2023-12-25T16:18+0500
2023-12-25T16:18+0500
2023-12-25T19:34+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
резиши тарма
кҳф
агентии ҳавосанҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/19/1027941948_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_8839ae87b6b91123cd99953643552609.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешбинӣ шудааст. Дар ин бора КҲФ дар такя ба Агентии ҳавосанҷии кишвар хабар медиҳадДар рабита ба чунин вазъ, ин ниҳод аз шаҳрвандон хостааст, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ дар ин минтақаҳо худдорӣ кунанд.Ҳамчунин тавсия мешавад, ки ҳангоми истифода бурдани гармкунакҳо ва бухориҳо қоидаҳои бехатарии сӯхтор қатъиян риоя шавад. Бачахоро тахти назорати махсус гирифта, онхоро беназорат нагузоред. КҲФ ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот, доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки ҳангоми гарм кардани манзили худ қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намуда, миқдори зиёди асбобҳои барқии ҳад зиёд истифода набаранд.Ба гуфтаи ин ниҳод, агар имконпазир бошад, тирезаҳои худро то ҳадди имкон барои нигоҳ доштани гармӣ маҳкам кунед. Ба ҳамаи ронандагоне, ки сафарашонро ба таъхир андохта наметавонанд, тавсия карда мешавад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани ҳаракат аз вазъияти роҳҳо огоҳ шаванд."Ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ ва ё қитъаҳои хатарноки роҳҳо бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳо риоя карда шавад. Дар роҳҳо эҳтиёткор бошед", - зикр кард КҲФ.озтар нигох доред, зеро масофан тормозкунй дар роххои лагжиш хеле зиёд мешавад;
https://sputnik.tj/20230905/rahbar-khf-tojikiston-nishast-spad-shirkat-1059228372.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/19/1027941948_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_f9e1f855c0f166a5ee6e527273aa153a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф барфкӯчӣ тоҷикистон ҳушдор
кҳф барфкӯчӣ тоҷикистон ҳушдор
КҲФ аз барфкӯчиҳо дар Тоҷикистон ҳушдор дод
16:18 25.12.2023 (Навсозишуда: 19:34 25.12.2023) Ба ҳамаи ронандагоне, ки сафарашонро ба таъхир андохта наметавонанд, тавсия карда мешавад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани ҳаракат аз вазъияти роҳҳо огоҳ шаванд
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешбинӣ шудааст.
Дар ин бора КҲФ дар такя ба Агентии ҳавосанҷии кишвар хабар медиҳад
Дар рабита ба чунин вазъ, ин ниҳод аз шаҳрвандон хостааст, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ дар ин минтақаҳо худдорӣ кунанд.
Ҳамчунин тавсия мешавад, ки ҳангоми истифода бурдани гармкунакҳо ва бухориҳо қоидаҳои бехатарии сӯхтор қатъиян риоя шавад.
Бачахоро тахти назорати махсус гирифта, онхоро беназорат нагузоред.
КҲФ ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот, доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки ҳангоми гарм кардани манзили худ қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намуда, миқдори зиёди асбобҳои барқии ҳад зиёд истифода набаранд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, агар имконпазир бошад, тирезаҳои худро то ҳадди имкон барои нигоҳ доштани гармӣ маҳкам кунед.
"Ҳангоми бо ангишт истифода бурдани бухориҳо эхтиёткор шуда, бачаҳоро нагузоред, ки печҳои сӯзонро мустақилона нигоҳубин кунанд, дудбароҳоро бори дигар тафтиш кунед",- таъкид кардааст манбаъ.
Ба ҳамаи ронандагоне, ки сафарашонро ба таъхир андохта наметавонанд, тавсия карда мешавад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани ҳаракат аз вазъияти роҳҳо огоҳ шаванд.
"Ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ ва ё қитъаҳои хатарноки роҳҳо бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳо риоя карда шавад. Дар роҳҳо эҳтиёткор бошед", - зикр кард КҲФ.озтар нигох доред, зеро масофан тормозкунй дар роххои лагжиш хеле зиёд мешавад;