Аз қаторӣ то генерали артиш ва табиб: Маоши кӣ чанд сомонӣ мешавад?

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2024
Обуна шудан
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон фармони президент барои зиёд намудани маоши нафақа ва стипендияҳоро муфассал тавзеҳ додаст
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Афзоиши маошу нафақа дар Тоҷикистон аз аввал ва нимаи соли 2024 амалӣ мешавад, омадааст дар тавзеҳот ба фармони президент.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 40% зиёд карда шуд.
Маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсус, аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1390 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1250 сомонӣ муқаррар карда мешавад, омадааст дар иттилоия.
Инчунин, андозаи маоши заминавӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, ба андозаи 1250 сомонӣ таъйин шудааст.
Овощи на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2023
Кишоварзони Хатлон ба маблағи беш аз 32 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд
Ин нишондиҳанда барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1390 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ аз 1 июли соли 2024 ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар гардид.
Маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимиятва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ аз 1 июли соли 2024 ба андозаи 40% зиёд карда мешавад, омадааст дар иттилоия.
Аз 1 июли соли 2024 андозаи маоши заминавии хизматчиёни маъмурии хизмати давлатӣ барои мансабҳои категорияи олӣ 1120 сомонӣ, барои мансабҳои категорияҳои якум, дуюм, сеюм, чорум 1045 сомонӣ ва барои мансабҳои категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтум 1160 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Открытие нового детского сада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2024
Дар Тоҷикистон нархи боғчаҳои давлатӣ барои нигоҳубини кӯдакон боло рафт
Инчунин, андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба 620 сомонӣ гардидаст.
Зиёдшавии андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ аз 1 июли соли 2024 ба андозаи 40% амалӣ мегардад.
Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо аз 1 июли соли 2024 дар ҳаҷми 30% аз андозаи муқарраршудаашон зиёд карда мешаванд, таъкид намуд дафтари матбуоти президент.
Лентаи хабарҳо
0