Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб хост, фаъолияти молиявии шаҳрдориро санҷад

© Foto / Хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории ДушанбеРустам Эмомалӣ, мэр города Душанбе
Рустам Эмомалӣ, мэр города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2024
Обуна шудан
Фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳри Душанберо Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бо дархости шаҳрдор Рустам Эмомалӣ месанҷад
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ба Палатаи ҳисоби Тоҷикистон барои санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли гузашта дархост ирсол кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ин иқдом бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти шаҳри Душанбе анҷом дода шудааст.
Председатель верхней палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Рустам Эмомалӣ қарор кард: Рӯзи президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил шавад
Ёдовар мешавем, ки ин маротибаи аввал нест, ки раиси шаҳри Душанбе аз ин мақоми тафтишотӣ санҷиши фаъолияти молиявиии ниҳоди зери роҳбариашро дархост мекунад.
Солҳои қаблӣ низ Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия айнан чунин хоҳишро карда буд, аммо то кунун натиҷаи санҷишҳои қаблӣ расонаӣ нагардидааст.
Бори охир Рустам Эмомалӣ соли гузашта 5 январ низ раиси шаҳри Душанбе барои санҷиши фаъолияти мақомоти шаҳри Душанбе ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дархост карда буд.
Лентаи хабарҳо
0