https://sputnik.tj/20240109/tojikistonu-saud-haj-sozishnoma-imzo-1061201277.html
Тоҷикистону Саудӣ дар мавриди Ҳаҷ-2024 созишнома имзо карданд: Чанд нафар меравад?
Тоҷикистону Саудӣ дар мавриди Ҳаҷ-2024 созишнома имзо карданд: Чанд нафар меравад?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати баландпояи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон феълан дар Арабистони Саудӣ қарор дошта, тафсилотро баррасӣ доранд
2024-01-09T15:15+0500
2024-01-09T15:15+0500
2024-01-09T15:15+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҳаҷ
кумитаи дин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/13/1050822006_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_ba5d0116d20e0720ebe895ae1d34766b.jpg
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Созишномаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ташкили ҳаҷҷи мавсими соли 2024-ум ба имзо расид.Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, маросими имзо дар шаҳри Ҷидда сурат гирифт. Бар асоси ин ҳуҷҷат кишвари мизбони ҳаҷ тибқи тартиб ҳиссаи шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳудуди 7 ҳазор адад муайян намудааст.Санадро раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Сулаймон Давлатзода ва вазири ҳаҷ ва умраи ин кишвар Тавфиқ ал Рабиа имзо кардаанд. "Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳаҷ ва умра мавриди баррасӣ қарор дода шуд", - омадааст дар иттилоия. Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон талабот барои анҷоми ҳаҷ зиёд буда, сарфи назар аз нарх навбат барои он зиёд аст. Соли равон дар мавриди нархи он ҳанӯз иттилое дода нашудааст. Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, нархи умумӣ аз арзиши билети ҳавопаймо (рафтубаргашт), меҳмонхонаҳо дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, се вақт таъмини хӯрок, қурбонӣ, хидматрасонӣ дар машоир – Мино, Арафот ва Муздалифа, нақлиёт аз Ҷидда ба Макка ва аз Макка ба Мадина ё баръакс ташаккул меёбад. Боҷи давлатӣ, хидматрасонии роҳбаладон ва аъзои гурӯҳи корӣ, хидматрасонии тиббӣ ва харидории доруворӣ, суғурта ва дигар хидматрасонии ҷорӣ низ зимни таъйини нарх ба назар гирифта мешавад, ки онро Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ мекунад.
https://sputnik.tj/20230720/rahmon-khonai-khudo-ziyorat-hajji-prezident-video-1058362417.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/13/1050822006_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_72ba8a2c6bc552e5f2ebf8405fce7a55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳисса, тоҷикистон, арабистони саудӣ
ҳисса, тоҷикистон, арабистони саудӣ
Тоҷикистону Саудӣ дар мавриди Ҳаҷ-2024 созишнома имзо карданд: Чанд нафар меравад?
Ҳайати баландпояи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон феълан дар Арабистони Саудӣ қарор дошта, тафсилотро баррасӣ доранд
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Созишномаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ташкили ҳаҷҷи мавсими соли 2024-ум ба имзо расид.
Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, маросими имзо дар шаҳри Ҷидда сурат гирифт.
Бар асоси ин ҳуҷҷат кишвари мизбони ҳаҷ тибқи тартиб ҳиссаи шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳудуди 7 ҳазор адад муайян намудааст.
Санадро раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Сулаймон Давлатзода ва вазири ҳаҷ ва умраи ин кишвар Тавфиқ ал Рабиа имзо кардаанд.
"Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳаҷ ва умра мавриди баррасӣ қарор дода шуд", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон талабот барои анҷоми ҳаҷ зиёд буда, сарфи назар аз нарх навбат барои он зиёд аст. Соли равон дар мавриди нархи он ҳанӯз иттилое дода нашудааст.
Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, нархи умумӣ аз арзиши билети ҳавопаймо (рафтубаргашт), меҳмонхонаҳо дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, се вақт таъмини хӯрок, қурбонӣ, хидматрасонӣ дар машоир – Мино, Арафот ва Муздалифа, нақлиёт аз Ҷидда ба Макка ва аз Макка ба Мадина ё баръакс ташаккул меёбад.
Боҷи давлатӣ, хидматрасонии роҳбаладон ва аъзои гурӯҳи корӣ, хидматрасонии тиббӣ ва харидории доруворӣ, суғурта ва дигар хидматрасонии ҷорӣ низ зимни таъйини нарх ба назар гирифта мешавад, ки онро Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ мекунад.