https://sputnik.tj/20230720/rahmon-khonai-khudo-ziyorat-hajji-prezident-video-1058362417.html
Раҳмон бори панҷум хонаи Худоро зиёрат кард: Ҳаҷҷи президент чӣ гуна гузашт – видео
Раҳмон бори панҷум хонаи Худоро зиёрат кард: Ҳаҷҷи президент чӣ гуна гузашт – видео
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон панҷ маротиба ҳаҷ кардааст ва се маротиба ба дохили хонаи рамзии Худо – Каъбатуллоҳ ворид шудааст
2023-07-20T12:27+0500
2023-07-20T12:27+0500
2023-07-20T12:27+0500
видео
ҳаҷ
эмомалӣ раҳмон
раисҷумҳур
макка
зиёрати хонаи худо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/14/1058362226_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_6be06c6fbc21a0348c6be0d98a9732c6.jpg
Раисҷумҳури Тоҷикистонқабл азиштирок дарнахустин вохурииСарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ, Каъбаро зиёраткард.Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон либоси хоси маросими ҳаҷ – эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардида, дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хонд.Сипас, раҳбари кишвар ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмонон дар рӯйи замин, ба ҷо оварданд.Раҳмон Каъбаро зиёрат карду барои шукуфоии ояндаи Тоҷикистон дуо кардПас аз тавофи хонаи Каъба Эмомалӣ Раҳмон дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлӯи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хонданд.Раисҷумҳур пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон дуои хайр кард.Сипас, Эмомалӣ Раҳмон назди чоҳи замзам оби замзам нӯшид, ба пояи кӯҳи Сафо баромаданд, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунанд. 4 бор аз Сафо то Марва ва се бор баръакс ҳаракат бояд кард.Баъди анҷоми саъй дар пояи кӯҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида ё кӯтоҳ карда шавад. Бо амалӣ намудани ин рукн маросими умраи ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.Дари хонаи Худоро кушоданд: намози Раҳмон дар дохили Каъба - аксҳоМавриди зикри хос аст, ки ин зиёрат дафъаи панҷум ҷараён мегирад.Қайд карда шудааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон се маротиба ба дохили хонаи рамзии Худо – Каъбатуллоҳ ворид шудааст.Манбаъ ёдовар шудааст, ки президенти Тоҷикистон солҳои 1997, 2001, 2005, 2016 ва 2017 ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом дода буд.
макка
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/14/1058362226_234:0:2965:2048_1920x0_80_0_0_49c5f541b9fd70d1ad471466bb998190.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, эмомалӣ раҳмон, ҳаҷҷ, зиёрат, каъба, ворид, раисҷумҳур
видео, эмомалӣ раҳмон, ҳаҷҷ, зиёрат, каъба, ворид, раисҷумҳур
Раҳмон бори панҷум хонаи Худоро зиёрат кард: Ҳаҷҷи президент чӣ гуна гузашт – видео
Раисҷумҳури Тоҷикистон панҷ маротиба ҳаҷ кардааст ва се маротиба ба дохили хонаи рамзии Худо – Каъбатуллоҳ ворид шудааст
Раисҷумҳури Тоҷикистонқабл азиштирок дарнахустин вохурииСарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ, Каъбаро зиёраткард.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон либоси хоси маросими ҳаҷ – эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардида, дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хонд.
Сипас, раҳбари кишвар ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмонон дар рӯйи замин, ба ҷо оварданд.
Пас аз тавофи хонаи Каъба Эмомалӣ Раҳмон дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлӯи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хонданд.
Раисҷумҳур пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон дуои хайр кард.
Сипас, Эмомалӣ Раҳмон назди чоҳи замзам оби замзам нӯшид, ба пояи кӯҳи Сафо баромаданд, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунанд. 4 бор аз Сафо то Марва ва се бор баръакс ҳаракат бояд кард.
Баъди анҷоми саъй дар пояи кӯҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида ё кӯтоҳ карда шавад. Бо амалӣ намудани ин рукн маросими умраи ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.
Мавриди зикри хос аст, ки ин зиёрат дафъаи панҷум ҷараён мегирад.
Қайд карда шудааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон се маротиба ба дохили хонаи рамзии Худо – Каъбатуллоҳ ворид шудааст.
Манбаъ ёдовар шудааст, ки президенти Тоҷикистон солҳои 1997, 2001, 2005, 2016 ва 2017 ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом дода буд.