Тоҷикистону Эрон маркази инноватсионӣ таъсис медиҳанд

© Foto / Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии ТоҷикистонРаиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва ноиби президенти Эрон оид ба фанноварӣ ва иқтисоди донишбунён Руҳулло Деҳқонии Фирӯзободӣ
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва ноиби президенти Эрон оид ба фанноварӣ ва иқтисоди донишбунён Руҳулло Деҳқонии Фирӯзободӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2024
Обуна шудан
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмияш ба Эрон ба бархе аз тавофуқот даст ёфт
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Тоҷикистону Эрон ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Маркази инноватсионию технологиро ба имзо расонданд.
Санадро раиси шаҳри Душанбе, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва ноиби президенти Эрон оид ба фанноварӣ ва иқтисоди донишбунён Руҳулло Деҳқонии Фирӯзободӣ имзо гузоштанд.
Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ мегӯяд, ҳадафи ин иқдом рушди ҳамкориҳои илмию техникии байни Тоҷикистону Эрон ва пешбурди муносибатҳо дар соҳаи технологияҳо ва иқтисодиёти ба дониш асосёфта мебошад.
Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2024
Аз маориф то фарҳангу тандурустӣ: Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои эронияш чиро баррасӣ кард
Дар доираи сафар Рустами Эмомалӣ ҳамчунин аз Хонаи навовариҳои технологии Эрон дар шаҳри Теҳрон боздид кад.
Ин марказест, ки дар он навтарин дастоварду маҳсулоти илмӣ ва нанотехнологии Эрон дар соҳаҳои гуногуни саноат, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ, таҷҳизоти тиббӣ, вояҳои чорво ва парранда, доруҳои растанӣ ва ғайраҳо ба намоиш гузошта шудааст, иттилоъ дод Маҷлиси миллӣ.
Манбаъ афзуд, ки Хонаи навовариҳои технологии Эрон бо мақсади васеъ кардани содироти маҳсулоти илмӣ ва рушди ҳамкориҳои муштараки илмию техникии байни Эрон ва кишварҳои хориҷӣ бо ниҳодҳои давлативу илмии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд.
Лентаи хабарҳо
0