Аз маориф то фарҳангу тандурустӣ: Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои эронияш чиро баррасӣ кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Маҷлиси Миллии ТоҷикистонРустами Эмомалӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф
Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2024
Обуна шудан
Ҷонибҳо аз мавҷудияти фаровони имконот миёни Тоҷикистону Эрон гуфта, ба зарурати то 500 млн доллар афзоиш додани муомилоти тиҷоратӣ таъкид карданд
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Сафари расмии Рустами Эмомалӣ дар Эрон аз мулоқот бо раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф оғоз гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадбоқир Қолибоф Рустами Эмомалиро ба Эрон хайра мақдам гуфт ва раиси Душанбе барои даъват ва пазироии гарм ба ҳамтои эронияш миннатдорӣ баён кард.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқоту музокироти ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои муҳимму афзалиятноки равобит ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
"Ҷонибҳо бо таваҷҷуҳ ба мавҷудияти имконоти фаровони Тоҷикистону Эрон, ҳавасмандии худро ҷиҳати афзоиши муомилоти тиҷоратии миёни ду кишвар то 500 млн доллар, таъкид намуданд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ бо ҷалби сармоягузориҳои муштарак ба нафъи ду ҷониб дониста шуд.
Масъалаи тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва фарҳанг низ мавриди барасии Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф қарор гирифт.
Аз ҷумла ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ ва табодули донишомӯзон дар риштаҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва технологояҳои муосир зарур дониста шуд.
Ҷонибҳо ба зарурати таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ, омода намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи тиб таъкид намуданд.
Председатель верхней палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2024
Рустами Эмомалӣ ба Эрон рафт
Ҳамчунин баргузор кардани Рӯзҳои фарҳангӣ дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба ҷузъ аз баррасӣ кардани муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин масъалаи Афғонистон ва Фаластин низ муҳокима гардид.
Манбаъ афзуд, ки Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эронро дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон даъват кард ва пешниҳоди ӯ қабул гардид.
Таъкид гардид, ки дар фарҷоми музокирот Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар равона карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0