https://sputnik.tj/20240109/ozoda-rahmon-tasdiq-hisobot-1061199461.html
Озода Раҳмон тасдиқ кард: Раисону вазирон пеши омма ҳисобот медиҳанд
Озода Раҳмон тасдиқ кард: Раисону вазирон пеши омма ҳисобот медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар нишастҳои матбуотии солона, ки тибқи амри раисҷумҳури Тоҷикистон сурат мегиранд, роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ аз кори кардаашон ҳисобот медиҳанд
2024-01-09T12:20+0500
2024-01-09T12:20+0500
2024-01-09T12:26+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
нишаст
матбуот
девони вазирон
раис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054430802_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_db24de81ae42e6bbcaec25d20c6e8c47.jpg
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Нишастҳои ҷамъбастии вазорату идораҳо дар Тоҷикистон 29 январ оғоз шуда, ҳудуди 19 рӯз идома хоҳанд кард. Нақшаи ташкили нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳоро роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон, Озода Раҳмон тасдиқ кард.Роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии Тоҷикистон то 16 феврал аз фаъолияташон дар соли 2023 ва нақшаҳо дар соли ҷадид ҳисобот дода, ба суолҳои рӯзноманигорон посух хоҳанд гуфт. Зимни нишастҳои матбуотӣ вазирон ё ноибонашон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ натиҷаҳои фаъолияташонро дар нимсолаи аввали соли равон пешниҳоди омма мекунанд."Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби чанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имкон доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд", - омадааст дар иттилоия.Нишастҳои матбуотӣ, мутобиқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз 15 сентябри соли 2011, соле ду бор, дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа ва яксола баргузор мешаванд. Қаблан роҳбарон ҳар семоҳа нишастҳои матбуотӣ баргузор мекарданду аз бурду бохти бахши таҳти масъулияташон гузориш медоданд.
https://sputnik.tj/20240101/rahmon-inshooti-naqshabuda-sokhta-1061141778.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054430802_230:0:2047:1363_1920x0_80_0_0_fa3c49c3109bce518b49ab950fbcd50d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, раис, тоҷикистон, ҳисобот, нишастҳои матбуотӣ
вазир, раис, тоҷикистон, ҳисобот, нишастҳои матбуотӣ
Озода Раҳмон тасдиқ кард: Раисону вазирон пеши омма ҳисобот медиҳанд
12:20 09.01.2024 (Навсозишуда: 12:26 09.01.2024) Дар нишастҳои матбуотии солона, ки тибқи амри раисҷумҳури Тоҷикистон сурат мегиранд, роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ аз кори кардаашон ҳисобот медиҳанд
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Нишастҳои ҷамъбастии вазорату идораҳо дар Тоҷикистон 29 январ оғоз шуда, ҳудуди 19 рӯз идома хоҳанд кард.
Нақшаи ташкили нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳоро роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон, Озода Раҳмон тасдиқ кард.
Роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии Тоҷикистон то 16 феврал аз фаъолияташон дар соли 2023 ва нақшаҳо дар соли ҷадид ҳисобот дода, ба суолҳои рӯзноманигорон посух хоҳанд гуфт.
Зимни нишастҳои матбуотӣ вазирон ё ноибонашон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ натиҷаҳои фаъолияташонро дар нимсолаи аввали соли равон пешниҳоди омма мекунанд.
"Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби чанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имкон доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд", - омадааст дар иттилоия.
Нишастҳои матбуотӣ, мутобиқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз 15 сентябри соли 2011, соле ду бор, дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа ва яксола баргузор мешаванд.
Қаблан роҳбарон ҳар семоҳа нишастҳои матбуотӣ баргузор мекарданду аз бурду бохти бахши таҳти масъулияташон гузориш медоданд.