https://sputnik.tj/20240101/rahmon-inshooti-naqshabuda-sokhta-1061141778.html
Раҳмон: аз 28 ҳазор иншооти дар нақшабуда 10,5 ҳазор ададаш сохта шудаанд
Раҳмон: аз 28 ҳазор иншооти дар нақшабуда 10,5 ҳазор ададаш сохта шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додан, саноатикунонии босуръат ва ҳифзи амнияти озуқавории Тоҷикистон ҳадафҳои стратегианд
2024-01-01T11:11+0500
2024-01-01T11:11+0500
2024-01-01T11:45+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
соли нав
табрикот
табрикоти солинавӣ
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/1d/1061126522_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_fbf32a49cbc5b1209742f5e411696131.jpg
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Давлати Тоҷикистон барои бартараф кардани мушкилоти мардум ва ҳаллу фасли масъалаҳои мавҷуда барномаву нақшаҳои мушаххас қабул кардаст, ки онҳоро зина ба зина амалӣ месозад. Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солинавияш изҳор дошт. Ӯ гуфт, соли сипаришуда дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ барои таҷлили сазовори 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ иқдому ташаббусҳои нек вусъати тоза пайдо карданд."То имрӯз аз 28 ҳазору 350 иншооти тибқи нақша пешбинигардида 10 ҳазору 500 иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба истифода супорида шудаанд, ки 37 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад", -изҳор дошт президент. Ӯ гуфт, соли 2023, бо вуҷуди вазъи бисёр печидаву ноороми ҷаҳони муосир, барои Тоҷикистон боз як соли бобарору хотирмон гардид. Шароити зиндагии мардуми кишвар нисбат ба солҳои гузашта хеле беҳтар гардидааст."Ҳоло сокинони мамлакат ба фардои боз ҳам ободу осуда дилпурона назар мекунанд ва ба хотири пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли худ софдилона заҳмат мекашанд", - илова намуд президент. Вай зикр намуд, ки расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, саноатикунонии босуръат ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҳадафҳои стратегие мебошанд, ки барои амалӣ намудани онҳо тамоми захираву имкониятҳо сафарбар шудаанд. Ҳадаф муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумам ва фароҳам сохтани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як фард арзёбӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 ба мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ тансиҳатӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва рӯзгори ободу осуда орзу намуд.
https://sputnik.tj/20231231/hazor-km-roh-naqliyot-1061140767.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/1d/1061126522_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_fd4c3dc09313079f9536ca46b66fc2aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
паём, солинавӣ, эмомалӣ раҳмон, ҳифз, амният, стратегӣ
паём, солинавӣ, эмомалӣ раҳмон, ҳифз, амният, стратегӣ
Раҳмон: аз 28 ҳазор иншооти дар нақшабуда 10,5 ҳазор ададаш сохта шудаанд
11:11 01.01.2024 (Навсозишуда: 11:45 01.01.2024) Расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додан, саноатикунонии босуръат ва ҳифзи амнияти озуқавории Тоҷикистон ҳадафҳои стратегианд
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Давлати Тоҷикистон барои бартараф кардани мушкилоти мардум ва ҳаллу фасли масъалаҳои мавҷуда барномаву нақшаҳои мушаххас қабул кардаст, ки онҳоро зина ба зина амалӣ месозад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солинавияш изҳор дошт.
Ӯ гуфт, соли сипаришуда дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ барои таҷлили сазовори 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ иқдому ташаббусҳои нек вусъати тоза пайдо карданд.
"То имрӯз аз 28 ҳазору 350 иншооти тибқи нақша пешбинигардида 10 ҳазору 500 иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба истифода супорида шудаанд, ки 37 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад", -изҳор дошт президент.
Ӯ гуфт, соли 2023, бо вуҷуди вазъи бисёр печидаву ноороми ҷаҳони муосир, барои Тоҷикистон боз як соли бобарору хотирмон гардид. Шароити зиндагии мардуми кишвар нисбат ба солҳои гузашта хеле беҳтар гардидааст.
"Ҳоло сокинони мамлакат ба фардои боз ҳам ободу осуда дилпурона назар мекунанд ва ба хотири пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли худ софдилона заҳмат мекашанд", - илова намуд президент.
Вай зикр намуд, ки расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, саноатикунонии босуръат ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҳадафҳои стратегие мебошанд, ки барои амалӣ намудани онҳо тамоми захираву имкониятҳо сафарбар шудаанд.
Ҳадаф муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумам ва фароҳам сохтани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як фард арзёбӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 ба мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ тансиҳатӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва рӯзгори ободу осуда орзу намуд.