Дар Тоҷикистон доллар гарону евро поин рафт: рубл чӣ?

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2024
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон арзиши рубли русӣ дар баробари пули миллӣ - сомонӣ мӯътадил боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.
Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳурӣ босуръат афзоиш ёфта, аллакай ба 120,6 сомонӣ барои 1000 рубл расидааст.
Дар пасманзари устувории рубл қурби доллар низ тадриҷан боло меравад. Агар як рӯз пеш як доллар 10,9637 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло он то 10,9640 сомонӣ расидааст.
Ба иттилои Бонки миллӣ, дар бозори асъор як евро 11,9672 сомонӣ муқаррар шудааст, ҳарчанд рӯзи 5 январ 12,0118 сомонӣ арзиш дошт.
Меъёри бозтамвил дар Русия боло рафт: Натиҷааш чист?
Ба санаи 8 январ қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллар - аз 10.9640 то 11.0000 сомонӣ;
1 евро - аз 11.9672 то 12.1000 сомонӣ;
1 рубли русӣ - аз 0.1206 то 0.1215 сомонӣ.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0