https://sputnik.tj/20240108/irs-roh-dushanbe-chanoq-fura-moshin-borkash-bast-1061192816.html
IRS роҳи Душанбе- Чаноқро барои фура ва мошинҳои боркаш баст
IRS роҳи Душанбе- Чаноқро барои фура ва мошинҳои боркаш баст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаракат аз тариқи роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ, ки ягона роҳи пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо маркази кишвар мебошад барои мошинҳои калон масдуд аст
2024-01-08T13:28+0500
2024-01-08T13:28+0500
2024-01-09T14:29+0500
дар тоҷикистон
роҳ
иҷтимоъ
"инновейтив роуд солюшнз лтд" (irs)
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/05/1054693669_0:202:1080:810_1920x0_80_0_0_144490c66a2407a83675a73398afdf80.jpg
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Боришоти шадиди барф ва фаромадани тарма боиси баста шудани ин роҳ барои ҳаракати як қатор мошинҳо гардид.Ба иттилои дафтари матбуоти ширкати IRS, ки масъулияти нигаҳдории ин роҳро ба ӯҳда дорад, феълан роҳ барои мошинҳои боркаш ва фура масдуд аст.Манбаъ афзуд, ки шаби гузашта дар ин роҳ чор тарма фаромад ва роҳро то як муддат пурра баст, вале бо тоза кардани барфу тарма роҳ барои мошинҳои сабукрав боз шуд, вале фура ва мошинҳои боркаш ҳамоно имкони ҳаракат пайдо накардааанд.Зикр гардид, ки тарамаҳо аз километри 68 то 73 - юми ин масир фаромада буданд.Бориши барф дар роҳи самти шимоли Тоҷикистон ҳамоно бошиддат идома дорад.Зимнан, Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон низ пешгӯӣ карда буд, ки рӯзи 8 январ ҳавои кишвар барфию боронӣ мешавад.Ҳоло дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ борон ба шиддат меборад.
https://sputnik.tj/20231227/tarma-sababi-bastashudani-rohi-dushanbe--chanoq-1061087976.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/05/1054693669_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_b559f84a08203720b0188c66319fd96b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳ душанбе- чаноқ тарма барф
роҳ душанбе- чаноқ тарма барф
IRS роҳи Душанбе- Чаноқро барои фура ва мошинҳои боркаш баст
13:28 08.01.2024 (Навсозишуда: 14:29 09.01.2024) Ҳаракат аз тариқи роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ, ки ягона роҳи пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо маркази кишвар мебошад, барои мошинҳои калон масдуд аст
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Боришоти шадиди барф ва фаромадани тарма боиси баста шудани ин роҳ барои ҳаракати як қатор мошинҳо гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти ширкати IRS, ки масъулияти нигаҳдории ин роҳро ба ӯҳда дорад, феълан роҳ барои мошинҳои боркаш ва фура масдуд аст.
Манбаъ афзуд, ки шаби гузашта дар ин роҳ чор тарма фаромад ва роҳро то як муддат пурра баст, вале бо тоза кардани барфу тарма роҳ барои мошинҳои сабукрав боз шуд, вале фура ва мошинҳои боркаш ҳамоно имкони ҳаракат пайдо накардааанд.
Зикр гардид, ки тарамаҳо аз километри 68 то 73 - юми ин масир фаромада буданд.
Бориши барф дар роҳи самти шимоли Тоҷикистон ҳамоно бошиддат идома дорад.
Зимнан, Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон низ пешгӯӣ карда буд, ки рӯзи 8 январ ҳавои кишвар барфию боронӣ мешавад.
Ҳоло дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ борон ба шиддат меборад.