https://sputnik.tj/20231227/tarma-sababi-bastashudani-rohi-dushanbe--chanoq-1061087976.html
Тармаҳои хурд сабаби баста шудани роҳи Душанбе – Чаноқ шуд
Тармаҳои хурд сабаби баста шудани роҳи Душанбе – Чаноқ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаракат аз тариқи роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ, ки ягона роҳи пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо маркази кишвар мебошад, пурра масдуд шудааст
2023-12-27T11:32+0500
2023-12-27T11:32+0500
2023-12-27T12:35+0500
дар тоҷикистон
роҳ
душанбе
хуҷанд
тарма
"инновейтив роуд солюшнз лтд" (irs)
ширкати irs
барф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/1b/1061087810_0:91:1280:811_1920x0_80_0_0_503e0dd3aebac43e72de85c32846246c.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД", ки ба ҷамъоварии маблағу нигоҳдории ин ягона роҳи пулакии Тоҷикистон машғул аст, гуфт, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ муваққатан маҳдуд карда шуд.“Бинобар бениҳоят пуршиддат будани бориши барф дар километри 62 - 73 ва фаромадани тармаҳои хурд дар километри 54 - 57- и роҳи Душанбе - Чаноқ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуд”, - иттилоъ додааст намояндагии ин ширкат дар Тоҷикистон.Ҳамчунин ширкати IRS аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми сафар омили мазкурро мадди назар дошта бошанд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабар дода буд, ки бориши барф дар масири Душанбе - Чаноқ қатъ нагардидааст ва сарфи назар аз ин, роҳи мазкур кушода буда, ҳаракати нақлиёт таъмин аст.Ба иттилои обуҳавошиносони тоҷик имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борону барф ба амал меояд.Дар ноҳияҳои алоҳида меғ мефарояд. Ҳарорат рӯзона то 16 дараҷа гармӣ мерасад.
https://sputnik.tj/20231225/khf-barfkuchi-tojikiston-hushdor-1061050187.html
душанбе
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/1b/1061087810_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_74e901c7b3eff6ad01aaaec94f5736da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, чаноқ, роҳ, баста шуд, тарма, масдуд
тоҷикистон, душанбе, чаноқ, роҳ, баста шуд, тарма, масдуд
Тармаҳои хурд сабаби баста шудани роҳи Душанбе – Чаноқ шуд
11:32 27.12.2023 (Навсозишуда: 12:35 27.12.2023) Ҳаракат аз тариқи роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ, ки ягона роҳи пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо маркази кишвар мебошад, пурра масдуд шудааст
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД", ки ба ҷамъоварии маблағу нигоҳдории ин ягона роҳи пулакии Тоҷикистон машғул аст, гуфт, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ муваққатан маҳдуд карда шуд.
“Бинобар бениҳоят пуршиддат будани бориши барф дар километри 62 - 73 ва фаромадани тармаҳои хурд дар километри 54 - 57- и роҳи Душанбе - Чаноқ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуд”, - иттилоъ додааст намояндагии ин ширкат дар Тоҷикистон.
Ҳамчунин ширкати IRS аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми сафар омили мазкурро мадди назар дошта бошанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабар дода буд, ки бориши барф дар масири Душанбе - Чаноқ қатъ нагардидааст ва сарфи назар аз ин, роҳи мазкур кушода буда, ҳаракати нақлиёт таъмин аст.
Ба иттилои обуҳавошиносони тоҷик имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борону барф ба амал меояд.
Дар ноҳияҳои алоҳида меғ мефарояд. Ҳарорат рӯзона то 16 дараҷа гармӣ мерасад.