https://sputnik.tj/20240108/dehqonon-olmon-etiroz-roh-bastand-video-1061194707.html
Деҳқонони олмонӣ ба нишони эътироз роҳҳои саросари кишварро бастанд - видео
Деҳқонони олмонӣ ба нишони эътироз роҳҳои саросари кишварро бастанд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҳазорон деҳқони олмонӣ дар саросари кишвар ба нишони эътироз алайҳи коҳиши буҷет корпартоӣ карданд
2024-01-08T15:39+0500
2024-01-08T15:39+0500
2024-01-08T15:56+0500
видео
олмон
деҳқон
эътироз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/08/1061194886_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_6ca18f52e1cfe247a955cf2e31fe9da9.jpg
Корпартоии деҳқонон рӯзи душанбе оғоз ёфт. Онҳо бо трактору мошинҳои боркаш кӯчаҳои калон ва роҳҳои автомобилгарди А4, А13, А14 ва А17-ро бастанд. Эътирозҳо тақрибан ба тамоми иёлатҳои федералӣ таъсир расониданд. Шаҳри Котбуси Бранденбург аллакай аз алоқаҳои нақлиётӣ қатъ шудааст; якчанд ҳазор трактор ба сӯи Мюнхен равон аст. Дар Берлин садҳо деҳқон бо трактору мошинҳо кӯчаро дар назди дарвозаи Бранденбург бастанд. Сабаби корпартоӣ чист?Дар авохири соли гузашта сухангӯи ҳукумати Олмон Штеффен Ҳебестрейт эълом дошт, ки ҳукумат нақшаи бекор кардани субсидияҳои дизелиро, ки ба хазинаи 440 млн евро ворид мекунад, эълон кард. Аврупо аллакай расман дар вартаи футурравии иқтисодиёташ қарор дорадҲамчунин пешбинӣ шуда буд, ки андозбандии имтиёзноки мошинҳои дар хоҷагии ҷангал ва кишоварзӣ истифодашаванда бекор карда шавад, ки ин боз 480 млн сарфа мекунад. Баъди эълони ин нақшаҳо дар саросари кишвар эътирозҳои деҳқонон баргузор шуданд. Ҳафтаи гузашта Ҳебестрейт гуфт, ки субсидияҳои фаврӣ лағв карда намешаванд, имтиёзҳо тадриҷан кам карда мешаванд ва имтиёзҳои андоз аз воситаҳои нақлиёт бекор карда намешаванд. Аммо раиси иттифоқи фермерон Йоахим Руквид дар посух ба ин корпартоии якҳафтаинаро аз 8 январ эълон кард.
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/08/1061194886_191:0:1151:720_1920x0_80_0_0_f456c0533e137611221a6bd1cd0e95a1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олмон эътироз деҳқонон
Деҳқонони олмонӣ ба нишони эътироз роҳҳои саросари кишварро бастанд - видео
15:39 08.01.2024 (Навсозишуда: 15:56 08.01.2024) Ҳазорон деҳқони олмонӣ дар саросари кишвар ба нишони эътироз алайҳи коҳиши буҷет корпартоӣ карданд
Корпартоии деҳқонон рӯзи душанбе оғоз ёфт. Онҳо бо трактору мошинҳои боркаш кӯчаҳои калон ва роҳҳои автомобилгарди А4, А13, А14 ва А17-ро бастанд.
Эътирозҳо тақрибан ба тамоми иёлатҳои федералӣ таъсир расониданд. Шаҳри Котбуси Бранденбург аллакай аз алоқаҳои нақлиётӣ қатъ шудааст; якчанд ҳазор трактор ба сӯи Мюнхен равон аст.
Дар Берлин садҳо деҳқон бо трактору мошинҳо кӯчаро дар назди дарвозаи Бранденбург бастанд.
Дар авохири соли гузашта сухангӯи ҳукумати Олмон Штеффен Ҳебестрейт эълом дошт, ки ҳукумат нақшаи бекор кардани субсидияҳои дизелиро, ки ба хазинаи 440 млн евро ворид мекунад, эълон кард.
Ҳамчунин пешбинӣ шуда буд, ки андозбандии имтиёзноки мошинҳои дар хоҷагии ҷангал ва кишоварзӣ истифодашаванда бекор карда шавад, ки ин боз 480 млн сарфа мекунад.
Баъди эълони ин нақшаҳо дар саросари кишвар эътирозҳои деҳқонон баргузор шуданд.
Ҳафтаи гузашта Ҳебестрейт гуфт, ки субсидияҳои фаврӣ лағв карда намешаванд, имтиёзҳо тадриҷан кам карда мешаванд ва имтиёзҳои андоз аз воситаҳои нақлиёт бекор карда намешаванд.
Аммо раиси иттифоқи фермерон Йоахим Руквид дар посух ба ин корпартоии якҳафтаинаро аз 8 январ эълон кард.