https://sputnik.tj/20231125/prokuraturai-generali-sathi-jinoyatkori-jumhuri-1060601626.html
Прокуратураи генералӣ аз коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ хабар дод
Прокуратураи генералӣ аз коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар доданд, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар дар нӯҳ моҳи соли равон 4,3% кам шудааст
2023-11-25T13:40+0500
2023-11-25T13:40+0500
2023-11-25T13:40+0500
дар тоҷикистон
сатҳи ҷинояткорӣ
коҳиш
прокуратураи генералӣ
прокуратура
юсуф раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/19/1060601461_0:0:601:338_1920x0_80_0_0_78819daebd7adc3816b5109542ef343a.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Тибқи маълумоти оморӣ, дар давраи таҳлилӣ сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ паст гардида, дар 9 моҳи соли 2023 ҳамагӣ 1637 ё 4,3% ҷиноят кам ба қайд гирифта шудааст.Дар ин бора ахиран дар ҷаласаи ахире, ки дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар мавриди истифодаи самараноку оқилонаи заминсурат гирифт хабар дода шудааст.Тавре дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст, дар ин маҷлис таъкид гардидааст, ки дар давраи таҳлилӣ мақомоти амаликунандаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии ВКД Тоҷикистон барои таъмини сулҳу субот, амнияти миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд.Дар ин ҷаласа Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба масъулини соҳаи замин, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва прокурорҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар самти истифодаи замин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
https://sputnik.tj/20231125/prokuratura-faoliyati-maqomot-zamin-qonunshikani-1060601299.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/19/1060601461_0:0:533:400_1920x0_80_0_0_d616e5a537c4d6967175cc4a87add0a0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, прокуратураи генералӣ, сатҳи ҷинояткорӣ, коҳиш, юсуф раҳмон, ҷинояткор
тоҷикистон, прокуратураи генералӣ, сатҳи ҷинояткорӣ, коҳиш, юсуф раҳмон, ҷинояткор
Прокуратураи генералӣ аз коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ хабар дод
Масъулини прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар доданд, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар дар нӯҳ моҳи соли равон 4,3% кам шудааст.
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Тибқи маълумоти оморӣ, дар давраи таҳлилӣ сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ паст гардида, дар 9 моҳи соли 2023 ҳамагӣ 1637 ё 4,3% ҷиноят кам ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора ахиран дар ҷаласаи ахире, ки дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар мавриди истифодаи самараноку оқилонаи заминсурат гирифт хабар дода шудааст.
Тавре дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст, дар ин маҷлис таъкид гардидааст, ки дар давраи таҳлилӣ мақомоти амаликунандаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии ВКД Тоҷикистон барои таъмини сулҳу субот, амнияти миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд.
Дар ин ҷаласа Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба масъулини соҳаи замин, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва прокурорҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар самти истифодаи замин дастуру супоришҳои мушаххас дод.