Дар Тоҷикистон беш аз 300 км роҳҳои нави байналмилалӣ сохта мешаванд

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонТаджикские дороги в Муминабадском районе
Таджикские дороги в Муминабадском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2024
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дар ин соҳа 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 млрд сомонӣ амалӣ шуда истодааст
ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон сохтмони 317 километр роҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода, зикр намуд, ки роҳҳо ба масофаи мазкур бояд тайи ду соли оянда сохта ва ба истифода дода шаванд.
Манбаъ ҳамчунин аз сохтмони 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 км ва 7 долони зиддитармавӣ иттилоъ дод.
Қайд гардид, ки ҳоло 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 млрд сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Снятие тонировки с автомобилей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2024
Мақомот арзиши ранг кардани шишаҳои мошин дар соли 2024-ро эълон кард
Аз ҷумла сохтмони роҳи автомобилгарди "Роғун-Обигарм-Нуробод" бо дарозии 76 км, таҷдиди роҳҳои "Хуҷанд-Конибодом" ва "Рӯшон-Хоруғ-деҳаи Варшез", қитъаи роҳи автомобилгарди "Данғара-Бохтар" бо дарозии 29 км ва роҳи автомобилгарди "Душанбе -Қулма" дар қитъаи "Қалайхумб -Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон" бо дарозии 93 км идома дорад.
Вазорати нақлиёт гуфт, азнавсозии роҳи автомобилгарди "Гулистон-Кӯлоб", "Данғара-Гулистон", "Гулистон-Фархор", "Бохтар-Левакант-Данғара" ва 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд давом дорад.
Илова бар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар болои дарёи Ғунд ва Шофдарё пулҳо ва дар маҳаллаи Барсем долонҳои зидди тарма бо дарозии 4,6 км бунёд хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0