https://sputnik.tj/20240106/maqomot-arzishi-rang-shisha-moshin-1061179366.html
Мақомот арзиши ранг кардани шишаҳои мошин дар соли 2024-ро эълон кард
Мақомот арзиши ранг кардани шишаҳои мошин дар соли 2024-ро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар дар соли равон нархи иҷозатномаи солона барои ранг кардани шишаҳои мошин гарон мешавад
2024-01-06T19:01+0500
2024-01-06T19:01+0500
2024-01-06T19:01+0500
дар тоҷикистон
мақомот
нақлиёт
бда
арзиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102144/75/1021447544_0:160:3075:1890_1920x0_80_0_0_5d1b5de8f51c823469c215f502980754.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Аз аввали соли 2024 дар Тоҷикистон нархи иҷозатномаи солона барои ранг кардани шишаҳои мошин боло меравад, иттилоъ додааст вазорати нақлиёт дар истинод ба Раёсати БДА ВКД ҶТ.Ба иттилои манбаъ, арзиши ранг кардани шишаҳои мошинҳои баъди соли 2005 истеҳсолшуда 344 сомонӣ афзоиш меёбад.“Дар ҳоле, ки нархи ин хизматрасонӣ барои нақлиёти автомобилии то соли 2005 истеҳсолшуда 260 сомонӣ боло меравад”, - қайд кардааст манюаъ.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки мувофиқи ин, сиёҳкунии шишаи мошинҳои то соли 2005 истеҳсолшуда ба ронандагон 4,6 ҳазор сомонӣ ва мошинҳои пас аз соли 2005 истеҳсолшуда 6,1 ҳазор сомонӣ зарар мерасонад.Гуфта мешавад, ки чунин гароншавӣ дар Тоҷикистон пас аз 1 январи соли 2024 ба амал меояд.Ёдовар мешавем, ки соли 2024 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ наметавонанд мошинҳои то соли 2013 истеҳсолшударо ба ҷумҳурӣ ворид намоянд. Ин тадбир аз 2 октябри соли 2023 эътибор пайдо кардааст.
https://sputnik.tj/20220626/oshkor-moshinsavori-shisha-ijozatnoma-1049518444.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102144/75/1021447544_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_c984feb3b07a84265598781fd9b9f51d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мақомот, мошин, ранг, шишаҳои сиёҳ, иҷозатнома, мақомот
тоҷикистон, мақомот, мошин, ранг, шишаҳои сиёҳ, иҷозатнома, мақомот
Мақомот арзиши ранг кардани шишаҳои мошин дар соли 2024-ро эълон кард
Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар дар соли равон нархи иҷозатномаи солона барои ранг кардани шишаҳои мошин гарон мешавад
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Аз аввали соли 2024 дар Тоҷикистон нархи иҷозатномаи солона барои ранг кардани шишаҳои мошин боло меравад, иттилоъ додааст вазорати нақлиёт дар истинод ба Раёсати БДА ВКД ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, арзиши ранг кардани шишаҳои мошинҳои баъди соли 2005 истеҳсолшуда 344 сомонӣ афзоиш меёбад.
“Дар ҳоле, ки нархи ин хизматрасонӣ барои нақлиёти автомобилии то соли 2005 истеҳсолшуда 260 сомонӣ боло меравад”, - қайд кардааст манюаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки мувофиқи ин, сиёҳкунии шишаи мошинҳои то соли 2005 истеҳсолшуда ба ронандагон 4,6 ҳазор сомонӣ ва мошинҳои пас аз соли 2005 истеҳсолшуда 6,1 ҳазор сомонӣ зарар мерасонад.
Гуфта мешавад, ки чунин гароншавӣ дар Тоҷикистон пас аз 1 январи соли 2024 ба амал меояд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ наметавонанд мошинҳои то соли 2013 истеҳсолшударо ба ҷумҳурӣ ворид намоянд. Ин тадбир аз 2 октябри соли 2023 эътибор пайдо кардааст.