Теъдоди қурбониёни заминҷунбӣ дар Ҷопон ба 128 нафар расид

© AFP 2023 / Fred MeryПоврежденные и разрушенные дома вдоль улицы в Вадзиме, префектура Исикава
Поврежденные и разрушенные дома вдоль улицы в Вадзиме, префектура Исикава - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2024
Обуна шудан
Офати табиӣ дар Ҷопон рӯзи аввали Соли нав рух дод, ки дар натиҷа даҳҳо нафар кушта шуда, теъдоди зиёди хонаводаҳо бе обу барқ монданд
ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларзаи рӯзи 1 январ дар минтақаи нимҷазираи Ното дар префектураи Исикаваи Ҷопон ба 128 нафар расид, менависад хабаргузории Киодо.
Тибқи маълумоти охирин, 560 нафар ҷароҳат бардошта, 222 нафари дигар бедаракшуда ҳисобида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки силсила заминларзаи шадид дар ғарби Ҷопон дар рӯзи Соли нав рух дод, ки қавитарин заминларза 7,6 дараҷа будааст.
Дар маҷмӯъ, дар давоми рӯз 87 пасларза ба қайд гирифта шуд, ки қуввааш аз ду балл зиёдтар аз рӯи ҷадвали Ҷопон аст.
Ба гуфтаи сейсмологҳо, пасларзаҳо тақрибан як ҳафта идома доранд.
Президент РФ В. Путин принял участие в очередной сессии Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2024
Раҳмон ба император ва сарвазири Ҷопон номаҳои таслият ирсол кард
Ба офати табиӣ "зилзила дар нимҷазираи Ното" ном дода шуд. Мувофиқи маълумоти Агентии метеорологӣ, он барои минтақа аз соли 1885 пурқувваттарин буд.
Бар асари ин офати табиӣ, беш аз 1370 хона қисман ё пурра хароб шудааст. Дар префектураи Исикава 66 ҳазор хонавода бе об ва беш аз 23,9 ҳазор хонавода бе барқ ​​мондаанд. Дар макони ҳодиса 5400 нафар кормандони нерӯҳои худмуҳофизакунанда фаъолият доранд.
Дар робита ба ин ҳодисаи маргбор кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Император ва сарвазири Ҷопон номаи ҳамдардӣ ирсол карда буд.
Лентаи хабарҳо
0