https://sputnik.tj/20240103/rahmon-sarvazir-prezident-jopon-noma-tasliyat-irsol-1061157965.html
Раҳмон ба император ва сарвазири Ҷопон номаҳои таслият ирсол кард
Раҳмон ба император ва сарвазири Ҷопон номаҳои таслият ирсол кард
Sputnik Тоҷикистон
Бар асоси оморҳои охирин, теъдоди қурбониёни силсила заминларзаи шадид ба 73 нафар расида, ин охирин нест, зеро харобаҳо пурра дида нашудааст
2024-01-03T18:38+0500
2024-01-03T18:38+0500
2024-01-04T14:55+0500
эмомалӣ раҳмон
ҷопон
нома
ҳамдардӣ
заминҷунбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/1b/1060630206_0:0:3055:1719_1920x0_80_0_0_58c0ab5db37e80aa2f2c2b679c3708d4.jpg
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Император ва сарвазири Ҷопон дар робита ба заминзарзаҳои харобиовари ахир номаҳои ҳамдардӣ ирсол кард.Дар нома ба Император Нарухито Раҳмон гуфтааст, ки хабари заминларзаи шадид дар нимҷазираи Нотои префектураи Исикава, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди молӣ гардидааст, муҷиби андуҳи амиқи мо гардид.Кишвардори Тоҷикистон ҳамчунин дар номаи дигар ба сарвазири он кишвар Фумио Кисида изҳори андуҳ кардааст.Бар асоси оморҳо, теъдоди қурбониёни силсила заминларзаи шадид дар минтақаи зикршуда ба 73 нафар расид, хабар медиҳад хабаргузории "Киодо" бо такя ба мақомоти маҳаллӣ. Аксари фавтидагон дар шаҳрҳои Ваҷима – 39 нафар, дар шаҳри Сузу шумораи онҳо ба 23 нафар расидааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар ин ҳодиса 65 нафар кушта ва беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Интизор меравад, ки шумори қурбониён ва захмиён боз ҳам афзоиш ёбад, зеро дар зери харобаҳои хонаҳои фурӯрафта одамон низ ҳастанд. Вазъиятро пешгӯии ҳавошиносон дар бораи боридани боришоти зиёд, ки метавонад боиси фаромадани ярчҳои минбаъда шавад, боз ҳам печидатар мекунанд.Ёдовар мешавем, ки силсила заминларзаи шадид дар ғарби Ҷопон дар рӯзи Соли нав рух дод, ки қавитарин заминларза 7,6 дараҷа будааст. Дар маҷмӯъ, дар давоми рӯз 87 пасларза ба қайд гирифта шуд, ки қуввааш аз ду балл зиёдтар аз рӯи ҷадвали Ҷопон аст. Ба гуфтаи сейсмологҳо, пасларзаҳо тақрибан як ҳафта идома доранд. Ба офати табий "зилзила дар нимҷазираи Ното" ном дода шуд. Мувофиқи маълумоти Агентии метеорологӣ, он барои минтақа аз соли 1885 пурқувваттарин буд.
https://sputnik.tj/20231008/shumori-osebdidagon-bar-asari-zaminlarza-dar-afghoniston-ba-besh-az-yak-hazor-nafar-rasid-1059845062.html
ҷопон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/1b/1060630206_299:0:3028:2047_1920x0_80_0_0_6015694b879e8fda09ae1c89f49d7826.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, ҷопон, нома, ҳамдардӣ, заминҷунбӣ
эмомалӣ раҳмон, ҷопон, нома, ҳамдардӣ, заминҷунбӣ
Раҳмон ба император ва сарвазири Ҷопон номаҳои таслият ирсол кард
18:38 03.01.2024 (Навсозишуда: 14:55 04.01.2024) Бар асоси оморҳои охирин, теъдоди қурбониёни силсила заминларзаи шадид ба 73 нафар расида, ин охирин нест, зеро харобаҳо пурра дида нашудааст
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Император ва сарвазири Ҷопон дар робита ба заминзарзаҳои харобиовари ахир номаҳои ҳамдардӣ ирсол кард.
Дар нома ба Император Нарухито Раҳмон гуфтааст, ки хабари заминларзаи шадид дар нимҷазираи Нотои префектураи Исикава, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди молӣ гардидааст, муҷиби андуҳи амиқи мо гардид.
"Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Ҷопон ва пайвандону наздикони фавтидагон ҳамдардиву таслияти самимии ин ҷонибро иброз намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам",- афзудааст ӯ.
Кишвардори Тоҷикистон ҳамчунин дар номаи дигар ба сарвазири он кишвар Фумио Кисида изҳори андуҳ кардааст.
Бар асоси оморҳо, теъдоди қурбониёни силсила заминларзаи шадид дар минтақаи зикршуда ба 73 нафар расид, хабар медиҳад хабаргузории "Киодо" бо такя ба мақомоти маҳаллӣ.
Аксари фавтидагон дар шаҳрҳои Ваҷима – 39 нафар, дар шаҳри Сузу шумораи онҳо ба 23 нафар расидааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар ин ҳодиса 65 нафар кушта ва беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Интизор меравад, ки шумори қурбониён ва захмиён боз ҳам афзоиш ёбад, зеро дар зери харобаҳои хонаҳои фурӯрафта одамон низ ҳастанд. Вазъиятро пешгӯии ҳавошиносон дар бораи боридани боришоти зиёд, ки метавонад боиси фаромадани ярчҳои минбаъда шавад, боз ҳам печидатар мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки силсила заминларзаи шадид дар ғарби Ҷопон дар рӯзи Соли нав рух дод, ки қавитарин заминларза 7,6 дараҷа будааст. Дар маҷмӯъ, дар давоми рӯз 87 пасларза ба қайд гирифта шуд, ки қуввааш аз ду балл зиёдтар аз рӯи ҷадвали Ҷопон аст.
Ба гуфтаи сейсмологҳо, пасларзаҳо тақрибан як ҳафта идома доранд.
Ба офати табий "зилзила дар нимҷазираи Ното" ном дода шуд. Мувофиқи маълумоти Агентии метеорологӣ, он барои минтақа аз соли 1885 пурқувваттарин буд.