Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Сарнигунии 4 мушаки ҳидоятшавандаи украинӣ дар фазои ҷазираи Қрим

© Sputnik / Алексей КуденкоПуск ракеты
Пуск ракеты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2024
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия эълом кард системаҳои дифои ҳавоӣ 4 мушаки украинии ҳидоятшаванда аз ҳавопайморо дар фарози ҷазираи Қрим раҳгирӣ ва мунҳадим карданд
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Дар баёнияе вазорати дафои Русия омадааст, ки дар таърихи 6 январ як талоши дигари режим Киев барои анҷоми як ҳамлаи террористӣ бо истифода аз мушакҳои ҳидоятшаванда алайҳи аҳдофе дар қаламрави Русия мутаваққиф шуд.
“Сомонаҳои дифои ҳавоӣ дар ҳоли анҷоми вазифа чаҳор мушакро бар фарози шабаҳи ҷазираи Қрим раҳгирӣ ва мунҳадим карданд”,- хабар додааст вазорат.
Неруҳои мусаллаҳи Украин ба таври муназзами манотиқи марзии Русияро гулӯлаборон мекунанду ҳамалоти паҳподӣ ва харобкорӣ анҷом медиҳанд.
Артиши Рӯсияи тамоми талошҳои душманро саркӯб ва системаҳои дифоии ин кишвар ҳамалоти ҳавоиро бо муваффақият дафъ мекунанд.
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Матвиенко: То Русия ба ҳадафаш нарасад амалиёти вижа ба анҷом намерасад
Бо ҳамин тартиб дар шомгоҳ панҷ паҳпод бар фарози дарёии сиёҳ сарнигун шуданд ва рӯзи қабл муваффақ шуданд мушаки зиди киштии “Нептун”-и украиниро бар фарози шимоли ғарбии дарёии сиёҳ мунҳадим кунанд.
Дар Севастополи Қрим сатҳи зарди хатари террористӣ эълом шудааст, ки шомили тақвияти кори созмонҳои иҷрои қонун, анҷоми ҷустуҷӯ дар истгоҳҳои қатору маконҳои шулӯғ, қарор додани созмонҳои пизишкӣ дар ҳолати омодбош ва тақвияти амнияти таъсисот стротежик аст .
Лентаи хабарҳо
0