https://sputnik.tj/20240106/eron-terroristi-kushtashuda-intihori-kirmon-tojikistoni-1061176843.html
Эрон: Аз ду террористи кушташудаи интиҳорӣ дар Кирмон, як нафараш тоҷикистонӣ буд
Эрон: Аз ду террористи кушташудаи интиҳорӣ дар Кирмон, як нафараш тоҷикистонӣ буд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати иттилооти Эрон дар иттилоияе дар бораи ҷинояти террористии гулзори шаҳидони Кирмон, аз шиносоии миллияти яке аз террористҳо хабар дод
2024-01-06T12:59+0500
2024-01-06T12:59+0500
2024-01-11T19:15+0500
дар тоҷикистон
тоҷикистонӣ
амалиёти интиҳорӣ
интиҳор
террористӣ
эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061245147_0:140:3144:1909_1920x0_80_0_0_547a625d6f7d54b176c4be62b8684bd6.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Равобити умумии Вазорати иттилооти Эрон дар иттилоияе дар хусуси ҳодисаи террористии Кирмон эълом кард, ки аз ду террористи кушташудаи интиҳорӣ, як нафар миллияти тоҷикистонӣ дошта ва ҳувияти террористи дувум ҳанӯз ба сурати қатъӣ маълум нашудааст.Дар идомаи иттилоияи равобити умумии Вазорати иттилооти Эрон эълон кард, ки иқоматгоҳи мавриди истифодаи ду террорист дар атрофи шаҳри Кирмон шиносоӣ ва низ 2 унсури пуштибонӣ ва таъминкунандаи иқоматгоҳи мазкур шиносоӣ ва боздошт шуданд.Дар ин иттилоия бо таъкид бар инки амалиёти шиносоии муттаҳамон то боздошти охирин фарде, ки ба ҳар шакл ва ба ҳар андоза дар пуштибонӣ аз ҷинояткорони мавриди назар дахолат доштааст, истимрор(идома) хоҳад ёфт.Ёдовар мешавем, ки 3 январ дар маросими чаҳорумин солгарди Қосими Сулаймонӣ-фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дар масири гулзори шаҳидони Кирмон, ҷануби Эрон ду амалиёти интиҳорӣ, ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти онро пазируфт, дар миёни зоирони ин маросим рӯй дод, ки бар асари он 89 нафар шаҳид ва 284 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.Дар пайи вуқӯъи ин ҷиноят ва бо дастури раисони қувои муқаннана, муҷрия(иҷроя) ва қазоияи Эрон, пайгири дастгирии омилон ва омирони ҷинояти террористии Кирмон дар дастури кори неруҳои амниятии Эрон қарор гирифт.
https://sputnik.tj/20240104/eron-motam-shumor-favtidagon-hamla-terroristi-kirmon-1061159404.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061245147_207:0:2938:2048_1920x0_80_0_0_e07ee29dfd4fef14736d45b547cc5b4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, интиҳорӣ, террорист, ҳамла, кирмон, вазорати иттилооти эрон, тоҷикистонӣ
тоҷикистон, эрон, интиҳорӣ, террорист, ҳамла, кирмон, вазорати иттилооти эрон, тоҷикистонӣ
Эрон: Аз ду террористи кушташудаи интиҳорӣ дар Кирмон, як нафараш тоҷикистонӣ буд
12:59 06.01.2024 (Навсозишуда: 19:15 11.01.2024) Вазорати иттилооти Эрон дар иттилоияе дар бораи ҷинояти террористии гулзори шаҳидони Кирмон, аз шиносоии миллияти яке аз террористҳо хабар дод
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Равобити умумии
Вазорати иттилооти Эрон дар иттилоияе дар хусуси ҳодисаи террористии Кирмон эълом кард, ки аз ду террористи кушташудаи интиҳорӣ, як нафар миллияти тоҷикистонӣ дошта ва ҳувияти террористи дувум ҳанӯз ба сурати қатъӣ маълум нашудааст.
Дар идомаи иттилоияи равобити умумии Вазорати иттилооти Эрон эълон кард, ки иқоматгоҳи мавриди истифодаи ду террорист дар атрофи шаҳри Кирмон шиносоӣ ва низ 2 унсури пуштибонӣ ва таъминкунандаи иқоматгоҳи мазкур шиносоӣ ва боздошт шуданд.
“Дар идомаи амалиёт 9 нафар аз шабакаи пуштибонии тими террористӣ ва муртабитин он дар 6 устони Эрон шиносоӣ ва боздошт шуданд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Дар ин иттилоия бо таъкид бар инки амалиёти шиносоии муттаҳамон то боздошти охирин фарде, ки ба ҳар шакл ва ба ҳар андоза дар пуштибонӣ аз ҷинояткорони мавриди назар дахолат доштааст, истимрор(идома) хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки 3 январ дар маросими чаҳорумин солгарди Қосими Сулаймонӣ-фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дар масири гулзори шаҳидони Кирмон, ҷануби Эрон ду амалиёти интиҳорӣ, ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти онро пазируфт, дар миёни зоирони ин маросим рӯй дод, ки бар асари он 89 нафар шаҳид ва 284 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Дар пайи вуқӯъи ин ҷиноят ва бо дастури раисони қувои муқаннана, муҷрия(иҷроя) ва қазоияи Эрон, пайгири дастгирии омилон ва омирони ҷинояти террористии Кирмон дар дастури кори неруҳои амниятии Эрон қарор гирифт.