Эрон мотам дорад: Хоманаӣ гуфт, омилони ҳамлаи террористии Кирмон ҷазои сазовор мегиранд

© AFP 2023 / MOHAMMADREZA DEHDARIТеракт в мечети Шах-Черах в иранском городе Шираз
Теракт в мечети Шах-Черах в иранском городе Шираз  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2024
Обуна шудан
Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ Алии Хоманаӣ таъкид кард, ки омилону созмондиҳандагони ин ҷиноят ҷазои сангину одилона хоҳанд гирифт
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Чаҳорумин солгарди шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоб исломии Эрон дар Кирмон ба хуну хок печид.
Зимни ёдбуд аз ин фармондеҳи аршад, ки дар масири Гулзори шуҳадои Кирмон ду ҳамлаи террористӣ сар зад, ки дар пайи он тибқи таъйиди Вазорати тандурустии Эрон 95 тан ҳалок ва беш аз 200 кас захмӣ шудааст.
"95 нафар ба ҳалокат расиданд: баъзеҳо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд, чанд нафари дигар ба далели вазнинии ҷароҳатҳо дар бемористонҳо ҷон доданд", — хабар додааст IRNA.
Ба гузориши хабаргузории Tasnim, таркиш дар даромадгоҳи бинои оромгоҳи Гулзор рух дод. Дар он ҷо ду халта бомбҳо будааст, ки эҳтимолан бо истифода аз дастгоҳи фосилавӣ инфиҷор карда шудааст.
То кунун ягон гуруҳ ва ё созмоне масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.
Давлати Эрон рӯзи панҷшанбеи 4 январро рӯзи мотами миллӣ эълон кард ва Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури ин кишвар, сафараш ба Туркияро, ки барои имрӯз пешбинӣ шудааст, ба таъхир андохт ва гуфт, созмондиҳандагон ва омилони ҳамлаи террористӣ пайдо ва муҷозот хоҳанд шуд.
Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ Алии Хоманаӣ қайд кард, ки омилону созмондиҳандагони ин ҷиноят ҷазои одилона хоҳанд гирифт.
Мавзолей-мечеть Шах-Черах в Иране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Ҳамлаи террористии такрорӣ дар оромгоҳи Шоҳчароғ дар Эрон
Пас аз таркишҳо Амрико низ расман эълон кард, ки дар ин ҳамла даст надорад.
Ба гузориши расонаҳои ҷаҳонӣ, Исроил низ тавассути кишварҳо сеюм ба Эрон расонидааст, ки ӯ низ дар ин ҳамлаи террористӣ дахил нест.
Шаби 3 январи соли 2020 Иёлоти Муттаҳида дар Бағдод амалиётеро анҷом дод, то фармондеҳи нерӯҳои вижаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Қосим Сулаймонӣ ва муовини раиси гурӯҳи шиъаҳои Ироқ Абу Маҳдӣ ал-Муҳандисро маҳв кунад.
Дар Вашингтон онҳоро дар ташкили ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдод дар 31 декабри соли 2019 гумонбар медонистанд.
Ба расмӣ будани ин сафар (яъне Сулаймонӣ меҳмони Ироқ буд) ва Бағдод барои фаъолият дар фазояш ҳеҷ иҷоза надода буд, амрикоиҳоро парвое набуд.
Дар посух, Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ, аз ҷумла Айн ал-Асад зарба зад. Дар ибтидо, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури вақти Амрико ва мақомоти Пентагон гуфта буданд, ки дар пайи ин ҳамла талафоти ҷонӣ надоштааст. Баъд аз ин, низомиён маҷбур шуданд эътироф кунанд, ки захмӣ шудаанд. Дар баробари ин шумораи онхо мунтазам зиёд мешуд.
Лентаи хабарҳо
0