https://sputnik.tj/20240106/du-omuzgor-donishgoh-khujand-baranda-joiza-idm-1061178241.html
Ду омӯзгори як донишгоҳи Хуҷанд барандаи ҷоизаи илмии ИДМ шуданд
Ду омӯзгори як донишгоҳи Хуҷанд барандаи ҷоизаи илмии ИДМ шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Ду омӯзгори тоҷик аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар озмуни илмӣ миёни кишварҳои ИДМ беҳтарин дониста шуданд
2024-01-06T18:34+0500
2024-01-06T18:34+0500
2024-01-06T18:34+0500
дар тоҷикистон
маориф
омӯзгор
озмун
баранда
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042677509_0:0:1501:844_1920x0_80_0_0_23e2173def3f24b91497c4d2d308d1ef.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Омӯзгорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Аълохон Бобозода ва Мавлуда Асророва дар номинатсияҳои озмуни илмӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори ҷои аввал шудандДар бораи ин навиди илмӣ масъули матбуотии ДДҲБСТ дар Хуҷанд Сино Ғафурӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.Бино ба гуфти манбаъ озмуни мазкур, моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон байни мутахассисони муассисаҳои илмӣ-таълимии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид.“Дар ин озмуни бонуфузӣ сатҳи байналмиллалӣ намояндагон аз тамоми муассисаҳои илмӣ-таълимии давлатҳои ИДМ онлайн иштирок намудаанд. Боиси фараҳмандӣст, ки зимни натиҷагирӣ аъзои ҳакамон мақолаҳои илмии омӯзгорони мо Бобозода ва Асророваро беҳтарин арзёбӣ карда сазовори ҷойи аввал донистаанд” – афзуд, Ғафурӣ.Бино ба арзёбии ҳакамони озмун ба Аълохон Бобозода, ҷоизаи “Беҳтарин муҳаққиқ” ва ба Мавлуда Асророва ҷоизаи “Беҳтарин корманди илмӣ” и ИДМ дар соли 2023 тақдим намудаанд.Бобозода омӯзгори факултаи технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии ва Асророва мудири шуъбаи магистратура, омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) дар шаҳри Хуҷанд мебошанд.Аълохон Бобозода аъзои “Лигаи зиёиён” International Committee on Intellectual cooperation (ICIC) -и Академияи илмҳои табии Русия ва дорандаи Медал ва Сертификати бузургдошти Леонардо да Винчӣ аст.Сино Ғафурӣ гуфт, рӯзи гузашта ба ифтихори дастоварди илмии ин ду омӯзгор аз ҷониби Раёсати донишгоҳ маҳфили илмӣ - маърифатӣ баргузор гардида дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмуни илмии ИДМ, Дипломи дараҷаи l, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома супорида шуд.
https://sputnik.tj/20240105/omuzgori-tojik-sohibi-joizai-rusiya-1061164737.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042677509_177:0:1302:844_1920x0_80_0_0_f770ca9b7964cb566eaed1c7214b6b9c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, озмун, баранда, омӯзгор, идм, маориф, тоҷик
тоҷикистон, хуҷанд, озмун, баранда, омӯзгор, идм, маориф, тоҷик
Ду омӯзгори як донишгоҳи Хуҷанд барандаи ҷоизаи илмии ИДМ шуданд
Эксклюзив
Ду омӯзгори тоҷик аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар озмуни илмӣ миёни кишварҳои ИДМ беҳтарин дониста шуданд
ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Омӯзгорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Аълохон Бобозода ва Мавлуда Асророва дар номинатсияҳои озмуни илмӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори ҷои аввал шуданд
Дар бораи ин навиди илмӣ масъули матбуотии ДДҲБСТ дар Хуҷанд Сино Ғафурӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба гуфти манбаъ озмуни мазкур, моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон байни мутахассисони муассисаҳои илмӣ-таълимии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид.
“Дар ин озмуни бонуфузӣ сатҳи байналмиллалӣ намояндагон аз тамоми муассисаҳои илмӣ-таълимии давлатҳои ИДМ онлайн иштирок намудаанд. Боиси фараҳмандӣст, ки зимни натиҷагирӣ аъзои ҳакамон мақолаҳои илмии омӯзгорони мо Бобозода ва Асророваро беҳтарин арзёбӣ карда сазовори ҷойи аввал донистаанд” – афзуд, Ғафурӣ.
Бино ба арзёбии ҳакамони озмун ба Аълохон Бобозода, ҷоизаи “Беҳтарин муҳаққиқ” ва ба Мавлуда Асророва ҷоизаи “Беҳтарин корманди илмӣ” и ИДМ дар соли 2023 тақдим намудаанд.
Бобозода омӯзгори факултаи технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии ва Асророва мудири шуъбаи магистратура, омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) дар шаҳри Хуҷанд мебошанд.
Аълохон Бобозода аъзои “Лигаи зиёиён” International Committee on Intellectual cooperation (ICIC) -и Академияи илмҳои табии Русия ва дорандаи Медал ва Сертификати бузургдошти Леонардо да Винчӣ аст.
Сино Ғафурӣ гуфт, рӯзи гузашта ба ифтихори дастоварди илмии ин ду омӯзгор аз ҷониби Раёсати донишгоҳ маҳфили илмӣ - маърифатӣ баргузор гардида дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмуни илмии ИДМ, Дипломи дараҷаи l, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома супорида шуд.