https://sputnik.tj/20240105/omuzgori-tojik-sohibi-joizai-rusiya-1061164737.html
Омӯзгори тоҷик соҳиби ҷоизаи бонуфузи Русия шуд
Омӯзгори тоҷик соҳиби ҷоизаи бонуфузи Русия шуд
Sputnik Тоҷикистон
Омӯзгори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ барандаи ҷоизаи Борис Тихомиров дар самти сохтмони саноатӣ ва лоиҳакашӣ шуд
2024-01-05T12:59+0500
2024-01-05T12:59+0500
2024-01-11T19:18+0500
дар тоҷикистон
омӯзгор
ҷоиза
русия
тотористон
баранда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061245567_0:158:3077:1889_1920x0_80_0_0_dbfb7617a7ce4744de6b31de28c37ec7.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Омӯзгори калони кафедраи сохтмони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Далер Орипов барандаи ҷоизаи Б.И. Тихомиров дар самти сохтмони саноатӣ ва лоиҳакашӣ дар соли 2023 гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар маросими ҷоизасупорӣ Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов, муовини вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия Сергей Музиченко, ректори Донишгоҳи давлатии сохтмонии Маскав Павел Акимов, роҳбарияти Корпоратсияи давлатии "Ростех", ҶСК "Технодинамика" ва дигарон иштирок доштанд.Қайд карда шудааст, ки Далер Орипов дар номинатсияи "Барои ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва ҳалли инноватсионалӣ” бо лоиҳаи "Коркарди конструксияхои борбардори бино аз профилҳои нахи шишагин" ғолибият ба даст оварданд.Таъкид шуд, ки мукофоти мазкур дар соҳаи сохтмони саноатӣ ва лоиҳакашии ба номи Б. Тихомиров барои корҳое мукофотонида мешаванд, ки дар инкишофи лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти саноатӣ, ҷорӣ намудани қарорҳои пешқадами конструкторӣ, лоиҳакашӣ, техникӣ ва технологӣ ҳиссаи калон мегузоранд. Ин Ҷоиза ба рушди нерӯи кадрии соҳаи сохтмон нигаронида шудааст.Ҷоизаи мазкур бо мақсади гиромидошти номи конструктори барҷаста Борис Иванович Тихомиров аз ҷониби холдинги "Технодинамика", Иттиҳодияи муҳандисони мошинсозии Русия, Корпоратсияи давлатии "Ростех", Вазорати сохтмони Русия ва Ҳукумати Тотористон ташкил гардидааст.
https://sputnik.tj/20231005/namoishnoma-hunarmandon-tojik-eron-joiza-1059804073.html
русия
тотористон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061245567_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_d59a43611096d8804b5fa296cf5f1839.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, ҷоиза, русия, омӯзгор, баранда, ҷоиза, тотористон
тоҷикистон, суғд, ҷоиза, русия, омӯзгор, баранда, ҷоиза, тотористон
Омӯзгори тоҷик соҳиби ҷоизаи бонуфузи Русия шуд
12:59 05.01.2024 (Навсозишуда: 19:18 11.01.2024) Омӯзгори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ барандаи ҷоизаи Борис Тихомиров дар самти сохтмони саноатӣ ва лоиҳакашӣ шуд
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Омӯзгори калони кафедраи сохтмони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Далер Орипов барандаи ҷоизаи Б.И. Тихомиров дар самти сохтмони саноатӣ ва лоиҳакашӣ дар соли 2023 гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ҷоизасупорӣ Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов, муовини вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия Сергей Музиченко, ректори Донишгоҳи давлатии сохтмонии Маскав Павел Акимов, роҳбарияти Корпоратсияи давлатии "Ростех", ҶСК "Технодинамика" ва дигарон иштирок доштанд.
Қайд карда шудааст, ки Далер Орипов дар номинатсияи "Барои ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва ҳалли инноватсионалӣ” бо лоиҳаи "Коркарди конструксияхои борбардори бино аз профилҳои нахи шишагин" ғолибият ба даст оварданд.
Таъкид шуд, ки мукофоти мазкур дар соҳаи сохтмони саноатӣ ва лоиҳакашии ба номи Б. Тихомиров барои корҳое мукофотонида мешаванд, ки дар инкишофи лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти саноатӣ, ҷорӣ намудани қарорҳои пешқадами конструкторӣ, лоиҳакашӣ, техникӣ ва технологӣ ҳиссаи калон мегузоранд. Ин Ҷоиза ба рушди нерӯи кадрии соҳаи сохтмон нигаронида шудааст.
Ҷоизаи мазкур бо мақсади гиромидошти номи конструктори барҷаста Борис Иванович Тихомиров аз ҷониби холдинги "Технодинамика", Иттиҳодияи муҳандисони мошинсозии Русия, Корпоратсияи давлатии "Ростех", Вазорати сохтмони Русия ва Ҳукумати Тотористон ташкил гардидааст.