https://sputnik.tj/20240105/tojikiston-turkiya-hamkorii-iqtisodi-moliyavi-sozishnoma-imzo-1061166146.html
Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва молиявӣ созишнома ба имзо расонданд
Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва молиявӣ созишнома ба имзо расонданд
Sputnik Тоҷикистон
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Туркия ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва молиявӣ ба имзо расид
2024-01-05T11:38+0500
2024-01-05T11:38+0500
2024-01-05T13:33+0500
дар тоҷикистон
туркия
молия
иқтисод
ҳамкорӣ
равобит
созишнома
имзо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/73/1030027326_0:5:1201:680_1920x0_80_0_0_0d0f93c73044ed6a7ac1c906817f34f6.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар шаҳри Анқараи Туркия зимни мулоқоти Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Вазири хазинадорӣ ва молияи Туркия Мехмет Шимшек зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти татбиқи ислоҳот дар низоми идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла зимни мулоқот тарафҳо соҳаҳои тандурустӣ ва маориф дар ҳошияи ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки ҷаҳонӣ, рақамикунонии низоми молияи давлатӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва системаи давлатии пардохтҳои электронӣ, инчунин дигар масъалаҳо вобаста ба идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ намуданд.Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Туркия иброз намуданд.Иттилоъ дода шудааст, ки баъд мулоқот байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Туркия дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва молиявӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.Ёддошти тафоҳумро Вазири молияи Тоҷикистон ва Вазири хазинадорӣ ва молияи Туркия ба имзо расониданд.Ин санад ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Туркия дар самти баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ мусоидат менамояд.Инчунин зимни сафари корӣ вазири молия бо Президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ Серкан Кайалар вохӯрӣ кард.Вазири молияи Тоҷикистон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркияро дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, ҷонибҳо ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию тиҷоратӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра табодули афкор намуданд.
https://sputnik.tj/20230726/imzo-sozishnoma-hamkorii-nizomi-miyoni-turkiya-tojikiston---video-1058467121.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/73/1030027326_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_e4ae9f7fdcdc11332728aca8a692ab4a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, ҳамкорӣ, равобит, молиявӣ, иқтисодӣ, вазорати молия, созишнома, имзо
тоҷикистон, туркия, ҳамкорӣ, равобит, молиявӣ, иқтисодӣ, вазорати молия, созишнома, имзо
Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва молиявӣ созишнома ба имзо расонданд
11:38 05.01.2024 (Навсозишуда: 13:33 05.01.2024) Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Туркия ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва молиявӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар шаҳри Анқараи Туркия зимни мулоқоти Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Вазири хазинадорӣ ва молияи Туркия Мехмет Шимшек зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти татбиқи ислоҳот дар низоми идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла зимни мулоқот тарафҳо соҳаҳои тандурустӣ ва маориф дар ҳошияи ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки ҷаҳонӣ, рақамикунонии низоми молияи давлатӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва системаи давлатии пардохтҳои электронӣ, инчунин дигар масъалаҳо вобаста ба идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Туркия иброз намуданд.
Иттилоъ дода шудааст, ки баъд мулоқот байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Туркия дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва молиявӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Ёддошти тафоҳумро Вазири молияи Тоҷикистон ва Вазири хазинадорӣ ва молияи Туркия ба имзо расониданд.
Ин санад ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати хазинадорӣ ва молияи Туркия дар самти баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ мусоидат менамояд.
Инчунин зимни сафари корӣ вазири молия бо Президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ Серкан Кайалар вохӯрӣ кард.
Вазири молияи Тоҷикистон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркияро дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, ҷонибҳо ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию тиҷоратӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра табодули афкор намуданд.