https://sputnik.tj/20230726/imzo-sozishnoma-hamkorii-nizomi-miyoni-turkiya-tojikiston---video-1058467121.html
Имзои созишномаи ҳамкории низомӣ миёни Туркия ва Тоҷикистон - видео
Имзои созишномаи ҳамкории низомӣ миёни Туркия ва Тоҷикистон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии IDEF-2023 Вазорати дифои Тоҷикистон ва Туркия созишномаи ҳамкории низомиро ба имзо расониданд
2023-07-26T20:30+0500
2023-07-26T20:30+0500
2023-07-26T20:30+0500
дар тоҷикистон
туркия
ҳамкорӣ
низомӣ
созишнома
имзо
вазорати дифоъи тоҷикистон
шералӣ мирзо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045411074_0:16:780:455_1920x0_80_0_0_b4b06dfdbc878ed204b9a5d81bc4c2f7.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Вазири дифои Туркия Яшар Гюлер дар Намоишгоҳи 16-уми байналмилалии саноати дифоӣ IDEF-2023, ки дар Истамбул баргузор мешавад, бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо мулоқот дидору мулоқот кард.Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати мудофиаи Туркия хабар додааст.Ба иттилои манбаъ пас аз мулоқоти дуҷониба вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва ҳамтои туркаш Яшар Гюлер дар доираи Намоишгоҳи 16-уми байналмилалии мудофиавии IDEF-2023 дар Туркия шартномаи ҳамкорӣ имзо намудан.“Дар чаҳорчӯби ин маросим, тавофуқномаи ҳамкориҳои низомӣ ва молӣ миёни Туркия ва Тоҷикистон ва протоколи иҷрои кумакҳо аз ҷониби вазирон Гюлер ва Мирзо ба имзо расид”, - таъкид кард манбаъ.Ёдовар мешавем, ки қаблан Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва ҳамтои туркаш Хулуси Акар 20-уми апрели соли 2022 дар ҳошияи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Анқара дар мавриди ҳамкориҳои низомии ин ду кишвар мувофиқатнома имзо карданд.Тибқи хабари вазорати дифои миллии Туркия, дар ҷараёни гуфтугӯи пушти дарҳои баста, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар арсаи саноати дифоӣ баррасӣ шудаанд.Хулуси Акар он замон қайд карда буд, ки Анқара омодаи ҳамкорӣ дар заминаи мубодилаи таҷрибаи ҳифзи марз ва муқобила бо терроризм ва омодагии низомӣ аст.Анқара шарики муҳими иқтисодии Душанбе боқӣ мемонад. Гардиши молу коло дар замони бемории ҳамагири COVID-19 байни ин кишварҳо аз марзи 700 миллион доллар боло рафта буд.Дар солҳои ахир коммисияи давлатии ду кишвар талош мекунанд гардиши молро аз ҳисоби нассоҷӣ ва аллюминюм ба 1 миллиард доллар расонанд.
https://sputnik.tj/20220421/sozish-tojikiston-turkiya-hamkori-nizomi-1047835370.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045411074_153:0:780:470_1920x0_80_0_0_b8bc76ad3749b63ba8fa323fbfb890c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳамкорӣ, низомӣ, туркия, имзо, созишнома, шералӣ мирзо, вазири дифоъ
тоҷикистон, ҳамкорӣ, низомӣ, туркия, имзо, созишнома, шералӣ мирзо, вазири дифоъ
Имзои созишномаи ҳамкории низомӣ миёни Туркия ва Тоҷикистон - видео
Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии IDEF-2023 Вазорати дифои Тоҷикистон ва Туркия созишномаи ҳамкории низомиро ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Вазири дифои Туркия Яшар Гюлер дар Намоишгоҳи 16-уми байналмилалии саноати дифоӣ IDEF-2023, ки дар Истамбул баргузор мешавад, бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо мулоқот дидору мулоқот кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати мудофиаи Туркия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ пас аз мулоқоти дуҷониба вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва ҳамтои туркаш Яшар Гюлер дар доираи Намоишгоҳи 16-уми байналмилалии мудофиавии IDEF-2023 дар Туркия шартномаи ҳамкорӣ имзо намудан.
“Дар чаҳорчӯби ин маросим, тавофуқномаи ҳамкориҳои низомӣ ва молӣ миёни Туркия ва Тоҷикистон ва протоколи иҷрои кумакҳо аз ҷониби вазирон Гюлер ва Мирзо ба имзо расид”, - таъкид кард манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва ҳамтои туркаш Хулуси Акар 20-уми апрели соли 2022 дар ҳошияи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Анқара дар мавриди ҳамкориҳои низомии ин ду кишвар мувофиқатнома имзо карданд.
Тибқи хабари вазорати дифои миллии Туркия, дар ҷараёни гуфтугӯи пушти дарҳои баста, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар арсаи саноати дифоӣ баррасӣ шудаанд.
Хулуси Акар он замон қайд карда буд, ки Анқара омодаи ҳамкорӣ дар заминаи мубодилаи таҷрибаи ҳифзи марз ва муқобила бо терроризм ва омодагии низомӣ аст.
Анқара шарики муҳими иқтисодии Душанбе боқӣ мемонад. Гардиши молу коло дар замони бемории ҳамагири COVID-19 байни ин кишварҳо аз марзи 700 миллион доллар боло рафта буд.
Дар солҳои ахир коммисияи давлатии ду кишвар талош мекунанд гардиши молро аз ҳисоби нассоҷӣ ва аллюминюм ба 1 миллиард доллар расонанд.