https://sputnik.tj/20231206/atlas-adras-tojikiston-meros-farhang-unesko-1060749516.html
Атласу адраси Тоҷикистон ба мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуданд
Атласу адраси Тоҷикистон ба мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Номинаи мустақими Тоҷикистон "Анъанаи бофтани атласу адрас" ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримодии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид
2023-12-06T13:32+0500
2023-12-06T13:32+0500
2023-12-06T15:01+0500
дар тоҷикистон
юнеско
фарҳанг
атлас
адрас
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103096/62/1030966265_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_c8ab4a9579729b46d4ca82928c2285ed.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. "Анъанаи бофтани атласу адрас ба феҳрасти фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил карда шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.Чунин тасмим дар чаҳорчӯби кори иҷлосияи 18-уми Кумитаи байналмилалии мероси ғайримоддии ЮНЕСКО, ки рӯзи 4 декабр дар шаҳри Касане (Ҷумҳурии Ботсвана) ба кор шурӯъ кард, гирифта шудааст. Дар ин ҷо намояндагони кишварҳои узви Конвенсия дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ширкат доранд.Чорабинии мазкур то 9 декабри соли равон идома хоҳад кард. Дар Тоҷикистон ба фарҳанги миллии либоспӯшӣ хеле эҳтиром доранд. Асрори бофандагони тоҷик аз насл ба насл мегузарад. Раванди таълими устодон аз се то панҷ моҳ тӯл мекашад. Ширкати "Атласи Хуҷанд" дар вилояти Суғд фаъолият дорад, ки аз имтиёз ва дастгирии доимии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор аст. Мутахассисони корхона пайваста таълим гирифта, ба сокинон матоъҳои ороишии гуногунро пешниҳод мекунанд.Атласи абрешимӣ ва адрас дар тамоми ҷаҳон талаботи калон дорад. Истеҳсоли он бошад, малакаи махсусро талаб мекунад. Чун анъана дар Тоҷикистон либосҳои миллӣ барои намоишномаҳо ва ҳамчунин либосҳои арӯсон аз атлас дӯхта мешаванд.Илова бар ин, дар Тоҷикистон ҳамасола иди "Атлас ва адраси тоҷикӣ" таҷлил мегардад.
https://sputnik.tj/20230524/qarori-rustami-emomali-jashnvora-atlas-adras-1057338489.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103096/62/1030966265_174:0:2905:2048_1920x0_80_0_0_8ddee340fa2c17c22b098b967d414f7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон атлас адрас юнеско
тоҷикистон атлас адрас юнеско
Атласу адраси Тоҷикистон ба мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуданд
13:32 06.12.2023 (Навсозишуда: 15:01 06.12.2023) Номинаи мустақими Тоҷикистон "Анъанаи бофтани атласу адрас" ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримодии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. "Анъанаи бофтани атласу адрас ба феҳрасти фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Чунин тасмим дар чаҳорчӯби кори иҷлосияи 18-уми Кумитаи байналмилалии мероси ғайримоддии ЮНЕСКО, ки рӯзи 4 декабр дар шаҳри Касане (Ҷумҳурии Ботсвана) ба кор шурӯъ кард, гирифта шудааст.
Дар ин ҷо намояндагони кишварҳои узви Конвенсия дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ширкат доранд.
Чорабинии мазкур то 9 декабри соли равон идома хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон ба фарҳанги миллии либоспӯшӣ хеле эҳтиром доранд. Асрори бофандагони тоҷик аз насл ба насл мегузарад. Раванди таълими устодон аз се то панҷ моҳ тӯл мекашад.
Ширкати "Атласи Хуҷанд" дар вилояти Суғд фаъолият дорад, ки аз имтиёз ва дастгирии доимии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор аст. Мутахассисони корхона пайваста таълим гирифта, ба сокинон матоъҳои ороишии гуногунро пешниҳод мекунанд.
Атласи абрешимӣ ва адрас дар тамоми ҷаҳон талаботи калон дорад. Истеҳсоли он бошад, малакаи махсусро талаб мекунад.
Чун анъана дар Тоҷикистон либосҳои миллӣ барои намоишномаҳо ва ҳамчунин либосҳои арӯсон аз атлас дӯхта мешаванд.
Илова бар ин, дар Тоҷикистон ҳамасола иди "Атлас ва адраси тоҷикӣ" таҷлил мегардад.