https://sputnik.tj/20240105/taqdimi-kalid-khonaho-rasulzoda-oilaho-sadama-naqliyoti-1061164578.html
Тақдими калиди хонаҳо аз сӯйи Расулзода ба 4 оилаҳое, ки дар садамаи нақлиётӣ осеб диданд
Тақдими калиди хонаҳо аз сӯйи Расулзода ба 4 оилаҳое, ки дар садамаи нақлиётӣ осеб диданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб барои 4 оилаи осебдидаи садамаи нақлиётӣ хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ сохта тақдим карда шуданд
2024-01-05T10:16+0500
2024-01-05T10:16+0500
2024-01-11T18:09+0500
дар тоҷикистон
хона
тақдим
калид
калиди хона
кӯлоб
осебдида
нақлиёт
қоҳир расулзода
сарвазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102314/68/1023146890_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_9d4cdfa6a728c772543b35a9de2b5c14.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Зимни сафари корӣ Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар як маросими бошукуҳ калиди хонаҳо ба оилаҳои осебдидаи садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб тақдим кард.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб барои 4 оилаи осебдидаи садамаи нақлиётӣ аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи Бозори Сомониёни шаҳр хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ сохта шуданд.“Хонаҳои мазкур бо ташаббус ва маблағгузории мақомоти вилояти Хатлон ба оилаҳои ниёзманд сохта ба истифода дода шуд. Хонаҳои истиқоматӣ аз 3 ҳуҷра ва дигар иншоотҳои ёрирасон иборат мебошанд”, - қайд кардааст манбаъ.Бояд ёдовар шуд, ки дар садамаи нақлиётии мудҳише, ки 6 августи соли 2023 дар назди бозори "Сомониён"-и шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ пайваст, 10 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда буданд.Мавриди зикр аст, ки бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои садамаи нақлиётӣ ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷониби мақомоти олии кишвар зери назорат аст.Бояд гуфт, ки тибқи иттилои манбаъ, сафари кории Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.
https://sputnik.tj/20240104/rasulzoda-sanjishi-kor-khatlon-raft-1061163532.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102314/68/1023146890_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_5d2b71fc0618657c5cba153c63908420.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тақдим, калид, хона, садама, нақлиётӣ, лавозимот, сарвазир, қоҳир расулзода
тоҷикистон, тақдим, калид, хона, садама, нақлиётӣ, лавозимот, сарвазир, қоҳир расулзода
Тақдими калиди хонаҳо аз сӯйи Расулзода ба 4 оилаҳое, ки дар садамаи нақлиётӣ осеб диданд
10:16 05.01.2024 (Навсозишуда: 18:09 11.01.2024) Дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб барои 4 оилаи осебдидаи садамаи нақлиётӣ хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ сохта тақдим карда шуданд
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Зимни сафари корӣ Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар як маросими бошукуҳ калиди хонаҳо ба оилаҳои осебдидаи садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб тақдим кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб барои 4 оилаи осебдидаи садамаи нақлиётӣ аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи Бозори Сомониёни шаҳр хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ сохта шуданд.
“Хонаҳои мазкур бо ташаббус ва маблағгузории мақомоти вилояти Хатлон ба оилаҳои ниёзманд сохта ба истифода дода шуд. Хонаҳои истиқоматӣ аз 3 ҳуҷра ва дигар иншоотҳои ёрирасон иборат мебошанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Бояд ёдовар шуд, ки дар садамаи нақлиётии мудҳише, ки 6 августи соли 2023 дар назди бозори "Сомониён"-и шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ пайваст, 10 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда буданд.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои садамаи нақлиётӣ ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷониби мақомоти олии кишвар зери назорат аст.
Бояд гуфт, ки тибқи иттилои манбаъ, сафари кории Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.