Расулзода барои санҷиши корҳо ба Хатлон рафт

© Foto / Хадамоти матбуоти мақомоти вилояти ХатлонРасулзода барои санҷиши корҳо ба Хатлон рафт.
Расулзода барои санҷиши корҳо ба Хатлон рафт.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2024
Обуна шудан
Дар нахустин рӯзи сафар сарвазир аллакай тавонистааст, ки аз чаҳор ноҳияи ҷануби кишвар боздид ва рафти корҳои сохтмониро бисанҷад
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар чаҳорумин рӯзи соли нав бо ҳадаф шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташанванда ба вилояти Хатлон рафт.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилоят гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Расулзода сафарашро бо намояндагони расмӣ вилоят аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нахуст аз ноҳияи Темурмалик оғоз кард.
Сарвазир нахуст аз корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар сади дарёи Сурхоб, воқеъ дар деҳаи Шибанайи ҷамоати деҳоти Чилчаҳ боздид намуд, ки роҳу маҳалҳои аҳолинишинро аз харобӣ наҷот медиҳад.
Пас аз Темурмалик ӯ бо раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳрро ифтитоҳ намуд.
Гуфта мешавад, ки ин иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхона мебошад. Дар муассиса 847 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 52 омӯзгор фаъолият менамоянд.
Ҳамзамон сарвазири дар деҳаи Селбури Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ майдони варзишии замонавиро баъди навсозӣ кушодааст.
Ворота на въезде в Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2024
Мақомоти Хатлон барои сипарӣ намудани фасли зимистон омодааст?
Таъкид шудааст, ки варзишгоҳ бо ташаббуси соҳибкорон ва хоҷагии деҳқонии "Миросор" бо маблағи беш аз 1,1 млн сомонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Ӯ инчунин дар ноҳия бо ҷараёни корҳои сохтмони варзишгоҳ бо тарҳи наву замонавӣ барои 20 000 ҷой дар ноҳияи Восеъ шинос шуд, ки бо маблағи 67 млн сомонӣ сохта мешавад.
Дар идомаи рӯз Расулзода бо рафти корҳои сохтмонии обанбори "Селбур", воқеъ дар деҳаи Селбури Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ шинос шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони обанборро ҶСК "Тоҷик СГЭМ" ба уҳда дорад.
Ин иншоот барои таъмин намудани кишоварзон бо оби полезӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд беш аз 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0