https://sputnik.tj/20231005/namoishnoma-hunarmandon-tojik-eron-joiza-1059804073.html
"Табиби паррон"-и Тоҷикистон дар Эрон ҷоиза гирифт
"Табиби паррон"-и Тоҷикистон дар Эрон ҷоиза гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Ин намоишномаи ҳунармандони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ қаблан дар ҷашнвораи байнулмиллалии шаҳри Қозони Русия бо ҷоиза қадрдонӣ шуда буд
2023-10-05T15:28+0500
2023-10-05T15:28+0500
2023-10-05T15:34+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
намоишнома
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/05/1059803522_29:0:1723:953_1920x0_80_0_0_41ba29064c6fc918216d37df3f5805ab.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Ҳайати беш аз 14-нафараи ҳунармандони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ баъд аз як ҳафтаи сафари ҳунарӣ аз кишвари Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд. Ҳунарманди суғдӣ барои муаррифии Тоҷикистон бо намоишномаи "Табиби паррон" озими шаҳри Гургон, маҳалли баргузории ҷашнвораи байнулмиллалии театрҳои миллӣ шуда буданд. Саркоргардони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ, Суҳроб Шейхов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки "Табиби паррон" дар ин ҷашнвора соҳиби ҷоиза гардид. Бино ба гуфти манбаъ, дар ин ҷашнвораи театрҳои миллии Эрон ҳунармандони кишварҳои Арманистону Тоҷикистон ва Чин ширкат кардаанд. Намоишномаи "Табиби паррон", ки Тоҷикистонро дар Эрон муаррифӣ намуд, аз рӯи асари драмманависи фаронсавӣ Жан Батист Молйер таҳия шуда, ҳунармандони Суғд онро ба таври миллӣ рӯйи саҳна гузоштаанд. Аз ҷумла номи қаҳрамонҳо, сару либоси ҳунармандон ва ҳатто саҳнаҳо бо садои доира банду баст мегардад, ки сирф тоҷикона аст. Ин намоишнома бори нахуст дар ҷашнвораи байналмиллалии театрҳои касбӣ таҳти унвони "Наврӯз – 2019" дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия ширкат намуда, соҳибҷоиза гаштааст. “Табиби паррон” рамзӣ буда, ишқи ду ҷавон ва найрангҳои як сарватмандеро, ки барои якҷо шудани онҳо монеъ мешавад, тасвир мекунад.
https://sputnik.tj/20230929/husnullin-oghoz-sokhtmon-teatr-mayakovskiy-dushanbe-1059683676.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/05/1059803522_241:0:1512:953_1920x0_80_0_0_30c83463213b78a6583cf6d52e386bea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷоиза, ҳунарманд, намоишнома, суғд, камоли хуҷандӣ
ҷоиза, ҳунарманд, намоишнома, суғд, камоли хуҷандӣ
"Табиби паррон"-и Тоҷикистон дар Эрон ҷоиза гирифт
15:28 05.10.2023 (Навсозишуда: 15:34 05.10.2023) Ин намоишномаи ҳунармандони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ қаблан дар ҷашнвораи байнулмиллалии шаҳри Қозони Русия бо ҷоиза қадрдонӣ шуда буд
ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Ҳайати беш аз 14-нафараи ҳунармандони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ баъд аз як ҳафтаи сафари ҳунарӣ аз кишвари Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд.
Ҳунарманди суғдӣ барои муаррифии Тоҷикистон бо намоишномаи "Табиби паррон" озими шаҳри Гургон, маҳалли баргузории ҷашнвораи байнулмиллалии театрҳои миллӣ шуда буданд.
Саркоргардони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ, Суҳроб Шейхов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки "Табиби паррон" дар ин ҷашнвора соҳиби ҷоиза гардид.
“Аз ин сафари ҳунарии мо эрониҳо хеле шод шуданд. Давоми як соати намоишнома то 40 маротиба кафкӯбиҳо карданд. Дар охир ба мо ҷоиза тақдим намуданд. Бо таасуроти хуб ба Ватан баргаштем” – гуфт саркоргардон.
Бино ба гуфти манбаъ, дар ин ҷашнвораи театрҳои миллии Эрон ҳунармандони кишварҳои Арманистону Тоҷикистон ва Чин ширкат кардаанд.
Намоишномаи "Табиби паррон", ки Тоҷикистонро дар Эрон муаррифӣ намуд, аз рӯи асари драмманависи фаронсавӣ Жан Батист Молйер таҳия шуда, ҳунармандони Суғд онро ба таври миллӣ рӯйи саҳна гузоштаанд.
Аз ҷумла номи қаҳрамонҳо, сару либоси ҳунармандон ва ҳатто саҳнаҳо бо садои доира банду баст мегардад, ки сирф тоҷикона аст.
Ин намоишнома бори нахуст дар ҷашнвораи байналмиллалии театрҳои касбӣ таҳти унвони "Наврӯз – 2019" дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия ширкат намуда, соҳибҷоиза гаштааст.
“Табиби паррон” рамзӣ буда, ишқи ду ҷавон ва найрангҳои як сарватмандеро, ки барои якҷо шудани онҳо монеъ мешавад, тасвир мекунад.