https://sputnik.tj/20231018/rustam-emomali-qaror-ruzi-prezidenti-tojikiston-tajlil-1060005353.html
Рустам Эмомалӣ қарор кард: Рӯзи президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил шавад
Рустам Эмомалӣ қарор кард: Рӯзи президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил шавад
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе хабар додааст, ки дар пойтахти кишвар корҳои омодагӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
2023-10-18T11:01+0500
2023-10-18T11:01+0500
2023-10-18T13:10+0500
дар тоҷикистон
"рӯзи президент"
таҷлил
шаҳр
душанбе
қарор
рустам эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/02/1053238404_0:0:3074:1730_1920x0_80_0_0_9821e6047959ddea4341a18676df7bd9.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомот вобаста ба дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар пойтахт тасдиқ гардид.Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар асоси қарори мазкур, дар пойтахт баргузории конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт баргузор мешавад.Ҳамчунин дар ин рӯз мусобиқаҳои варзишӣ ва намоиши китобҳои Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар назар дошта шудааст.Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати кишварро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" баррасӣ ва қабул карданд.Минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҷлил мегардад.
https://sputnik.tj/20231016/zanbur-havonavardi-rustami-emomali-jalasa-navbati-1059975437.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/02/1053238404_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_a10c81d68104c60c33102874a40ff253.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рустам эмомалӣ, шаҳрдор, рӯзи президент, таҷлил, пойтахт
тоҷикистон, рустам эмомалӣ, шаҳрдор, рӯзи президент, таҷлил, пойтахт
Рустам Эмомалӣ қарор кард: Рӯзи президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил шавад
11:01 18.10.2023 (Навсозишуда: 13:10 18.10.2023) Шаҳрдории Душанбе хабар додааст, ки дар пойтахти кишвар корҳои омодагӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомот вобаста ба дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар пойтахт тасдиқ гардид.
Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар асоси қарори мазкур, дар пойтахт баргузории конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт баргузор мешавад.
Ҳамчунин дар ин рӯз мусобиқаҳои варзишӣ ва намоиши китобҳои Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати кишварро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" баррасӣ ва қабул карданд.
Минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҷлил мегардад.