Мақомоти Хатлон барои сипарӣ намудани фасли зимистон омодааст?

© Sputnik / Амир ИсаевВорота на въезде в Куляб
Ворота на въезде в Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2024
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон эълон намудааст, ки масъулин дар вилоят барои хуб гузарондани фасли сармо тадбирҳои зарурӣ меандешанд
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи масъулин аз ҷониби Филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Бохтар иҷрои фонди таъмирӣ то имрӯз дар сатҳи 141% таъмин гардидааст, иттилоъ додааст мақомоти Хатлон.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки бо мусоидати филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб, танҳо дар ин давра бо қувваи худӣ 36 трансформатор аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 8-то зиёд мебошад.
Дар ин давра аз ҷониби масъулини филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Бохтар бо мақсади коҳиш додани талафоти неруи барқ низ як қатор тадбирҳои муфид роҳандозӣ шудааст.
Мақомоти Хатлон қайд кардааст, ки бо мақсади таъмини талаботи аҳолӣ ва корхонаҳо бо ангишт, гази моеъ, керосин ва ҳезум дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 451 нуқтаи фурӯши ангишт ва 337 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият дошта, барои зиёд намудани нуқтаҳои фурӯш аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба масъулини шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дода шудааст.
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2023
Дастури ҳукумати Хатлон дар бораи пурра ба кор андохтани иқтидорҳои корхонаҳои ҷӯроббарорӣ
Инчунин ба иттилои манбаъ дар муассисаҳои давлатии идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар ва Кӯлоб барои зимистонгузаронӣ 14205 метри мукааб маводи зидди лағжиш, 32,8 тонна ангишт, 165 метри мукааб ҳезум, 45600 тонна сӯзишвории дизелӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо назардошти бақияи зимистони соли гузашта 80 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои хариди маводи сӯзишворӣ барои зимистонгузаронӣ дар соҳаи маориф 13433,8 ҳазор сомонӣ ва соҳаҳои тандурустӣ 1959,2 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки то имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба миқдори зарурӣ ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ, печкаҳои аловӣ ва гармкунакҳои барқӣ захира шудаанд.
Бо мақсади таъмини аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маводи зарурии озуқаворӣ дар давраи тирамоҳу зимистон, новобаста аз шакли моликият, 61 анбор ва 66 сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ фаъолияти доимӣ доранд.
Лентаи хабарҳо
0