Дар Тоҷикистон доллар гарону евро поин рафт: бо рубл чӣ шуд?

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры, пластиковые карты
Денежные купюры, пластиковые карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2024
Обуна шудан
Қимати рубл ва асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар бозори арзи Тоҷикистон поинтар шуда, аммо доллари амрикоӣ майли гаронӣ дорад
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Асъори русӣ дар Тоҷикистон нисбат ба пули миллӣ поинтар шудааст.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 121,4 сомонӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ 121,7 ва дар оғози сол то 123 сомонӣ қимат дошт.
Вазъияти мушобеҳ дар баробари асъори аврупоӣ низ мушоҳида мешавад.
Агар рӯзи 2 январ бар ивази ҳар евро 12,0944 сомонӣ медоданд, ҳоло 12,0450 сомонӣ медиҳанд.
Бо вуҷуди ин, дар пасманзари понравии асъори русиву аврупоӣ, қурби доллар ба боло меравад.
Ба иттилои Бонки миллӣ, дар бозори асъор як доллар 10,9620 сомонӣ муқаррар шудааст, ҳарчанд рӯзи қаблӣ он ба 10.9571 сомонӣ баробар буд.
Интервью главы МИД РФ С. Лаврова России 24 и РИА Новости - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2023
Лавров: Доллар ба василаи тағйири режим табдил мешавад
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10,9620 то 10,9500 сомонӣ, 1 евро аз 12,0450 то 12,2000 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 121,4 то 0.123 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0