https://sputnik.tj/20231008/shumori-osebdidagon-bar-asari-zaminlarza-dar-afghoniston-ba-besh-az-yak-hazor-nafar-rasid-1059845062.html
Шумори осебдидагон бар асари заминларза дар Афғонистон ба беш аз як ҳазор нафар расид
Шумори осебдидагон бар асари заминларза дар Афғонистон ба беш аз як ҳазор нафар расид
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Афғонистон мегӯяд, ки заминҷунбии ахир дар ин кишвҷар ҷони 120 нафарро гирифта беш аз ҳазор нафари дигар аз он осеб диданд
2023-10-08T11:21+0500
2023-10-08T11:21+0500
2023-10-08T11:21+0500
афғонистон
ҳукумат
заминҷунбӣ
заминларза
кушта
осебдидагон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0d/1053479820_0:201:3073:1930_1920x0_80_0_0_9370d7b743237202ff8d635f5608a250.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларза дар ғарби Афғонистон “тақрибан ба 120 нафар” афзуда, беш аз ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд, хабар медиҳад хабаргузории “France-Presse” дар истинод ба раиси идораи мубориза бо офатҳои табиӣ дар вилояти Ҳирот Мусо Ашарӣ.Рӯзи шанбе ин оҷонсӣ бо такя ба мудири бахши беҳдошти вилояти Ҳирот Муҳаммад Толиб Шаҳид хабар дод, ки бар асари заминларза дар ғарби Афғонистон дастикам 14 нафар кушта ва 78 нафар захмӣ шудаанд."Ба гузориши мо беш аз ҳазор зан, кӯдакон ва пиронсолони маҷрӯҳшуда шомил мешаванд ва инчунин тақрибан 120 нафар куштаро низ дар бар мегирад" , - гуфт Ашарӣ.Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи шанбе Маркази зилзилашиносии Аврупоӣ ва Баҳри миёназамин (EMSC) аз чанд заминларза дар ғарби Афғонистон хабар доданд, ки шиддаташ он то 6,4 балро ташкил медод.Бояд қайд кард, ки ҳафтаи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон чанд заминларзаи шадид сурат гирифт. Аксари заминларзаҳо дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шуда буд.
https://sputnik.tj/20231003/panjum-ruz-vmkb-zaminlarza-1059767411.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0d/1053479820_342:0:3073:2048_1920x0_80_0_0_f7b1b0d8e681412074effa27f7321d89.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, заминҷунбӣ, осебдидагон, кушта, заминларза
тоҷикистон, афғонистон, заминҷунбӣ, осебдидагон, кушта, заминларза
Шумори осебдидагон бар асари заминларза дар Афғонистон ба беш аз як ҳазор нафар расид
Мақомоти Афғонистон мегӯяд, ки заминҷунбии ахир дар ин кишвҷар ҷони 120 нафарро гирифта беш аз ҳазор нафари дигар аз он осеб диданд
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларза дар ғарби Афғонистон “тақрибан ба 120 нафар” афзуда, беш аз ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд, хабар медиҳад хабаргузории “France-Presse” дар истинод ба раиси идораи мубориза бо офатҳои табиӣ дар вилояти Ҳирот Мусо Ашарӣ.
Рӯзи шанбе ин оҷонсӣ бо такя ба мудири бахши беҳдошти вилояти Ҳирот Муҳаммад Толиб Шаҳид хабар дод, ки бар асари заминларза дар ғарби Афғонистон дастикам 14 нафар кушта ва 78 нафар захмӣ шудаанд.
"Ба гузориши мо беш аз ҳазор зан, кӯдакон ва пиронсолони маҷрӯҳшуда шомил мешаванд ва инчунин тақрибан 120 нафар куштаро низ дар бар мегирад" , - гуфт Ашарӣ.
Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи шанбе Маркази зилзилашиносии Аврупоӣ ва Баҳри миёназамин (EMSC) аз чанд заминларза дар ғарби Афғонистон хабар доданд, ки шиддаташ он то 6,4 балро ташкил медод.
Бояд қайд кард, ки ҳафтаи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон чанд заминларзаи шадид сурат гирифт. Аксари заминларзаҳо дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шуда буд.