https://sputnik.tj/20231218/falastin-isroil-sistema-tandurusti-ghazza-nest-1060961824.html
Вазорати тандурустии Фаластин: Исроил мехоҳад системаи тандурустии Ғаззаро нест кунад
Вазорати тандурустии Фаластин: Исроил мехоҳад системаи тандурустии Ғаззаро нест кунад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадафи артиши Исроил пас аз ҳамла ба маҷмааи тиббии "Ал-Шифо" дар шимоли навори Ғазза бемористони "Носир" буд, гуфт вазири тандурустии Фаластин
2023-12-18T14:05+0500
2023-12-18T14:05+0500
2023-12-18T14:05+0500
исроил
фаластин
навори ғазза
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/1e/1060673629_0:197:3071:1924_1920x0_80_0_0_d6a804cc52ffe798b449f5892a575220.jpg
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Исроил бо идомаи ҳамла ба муассисаҳои тиббӣ мехоҳад низоми тандурустиро дар навори Ғазза барҳам диҳад. Дар ин бора намояндаи вазорати тандурустии Фаластин Ашраф ал-Қудра хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи артиши Исроил пас аз ҳамла ба маҷмааи тиббии "Ал-Шифо" дар шимоли навори Ғазза бемористони "Носир", воқеъ дар ҷануби ин анклав буд. Таъкид мешавад, ки бар асари тирпаронӣ дар таваллудхонаи маҷмааи тиббии "Носир" шаби якшанбе як кӯдак кушта ва се нафари дигар захмӣ шудаанд. Тибқи маълумоти ахир, дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар ин бахш беш аз 18,7 ҳазор нафар кушта ва беш аз 57 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.Муноқишаи Фаластину ИсроилЁдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карду, шаҳрро бо бондозӣ ба хуну хок кашид.Ҷонибҳо сар аз 24 ноябр ба оташбас барои чаҳор рӯз мувофиқа карда, баъдан онро тамдид карда буданд, аммо мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа 1 декабр соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале фақат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна танҳо дар асоси формулаи “ду давлат”, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, имконпазир аст, ки таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқ пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20231127/ushakov-sarnaguni-hamos-isroil-gumon-amniyat-tamin-1060627928.html
исроил
фаластин
навори ғазза
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/1e/1060673629_342:0:3071:2047_1920x0_80_0_0_b69e10afef26c22bb04c62ea9d7b5a80.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тандурустӣ фаластин исроил ғаззаро нест
тандурустӣ фаластин исроил ғаззаро нест
Вазорати тандурустии Фаластин: Исроил мехоҳад системаи тандурустии Ғаззаро нест кунад
Ҳадафи артиши Исроил пас аз ҳамла ба маҷмааи тиббии "Ал-Шифо" дар шимоли навори Ғазза бемористони "Носир" буд, гуфт вазири тандурустии Фаластин
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Исроил бо идомаи ҳамла ба муассисаҳои тиббӣ мехоҳад низоми тандурустиро дар навори Ғазза барҳам диҳад.
Дар ин бора намояндаи вазорати тандурустии Фаластин Ашраф ал-Қудра хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи артиши Исроил пас аз ҳамла ба маҷмааи тиббии "Ал-Шифо" дар шимоли навори Ғазза бемористони "Носир", воқеъ дар ҷануби ин анклав буд.
"Ҳамла ба комплекси тиббии "Носир" як қисми сиёсати ишғолӣ бо мақсади аз байн бурдани муассисаҳои тандурустӣ мебошад, ки боиси хароб шудани системаи тандурустии қисми ҷанубии навори Ғазза мегардад", — гуфт ӯ.
Таъкид мешавад, ки бар асари тирпаронӣ дар таваллудхонаи маҷмааи тиббии "Носир" шаби якшанбе як кӯдак кушта ва се нафари дигар захмӣ шудаанд.
Тибқи маълумоти ахир, дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар ин бахш беш аз 18,7 ҳазор нафар кушта ва беш аз 57 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.
Муноқишаи Фаластину Исроил
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карду, шаҳрро бо бондозӣ ба хуну хок кашид.
Ҷонибҳо сар аз 24 ноябр ба оташбас барои чаҳор рӯз мувофиқа карда, баъдан онро тамдид карда буданд, аммо мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа 1 декабр соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.
Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале фақат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.
Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна танҳо дар асоси формулаи “ду давлат”, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, имконпазир аст, ки таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқ пешбинӣ мекунад.